ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 ДЕКАБР

Соли 1930 – Ноҳияи Қалъаи Хумб (феълан Дарвоз) дар ҳайати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъсис ёфт.

Соли 2006 – Дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба тақсимоту муайянкунии сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид.

Соли 2009 – Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Додгоҳи олии ҳарбии Тоҷикистон тафтиши парвандаи ҷиноятиро нисбат ба қариб 50 шахсе, ки ба фаъолияти гурӯҳи Мирзо Зиеев, собиқ командири саҳроӣ даст доштанд, ба анҷом расонид.

Соли 2010 – Бо қарори Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон” ба баррасии умум гузошта шуд.

Соли 2020 – Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии нақлиёти автомобилӣ дар кишвар хабар дод.

 

Файзулло Кароматов

ШАХСИЯТҲО

Соли 1925 – Зодрӯзи Файзулло Кароматов, мусиқишинос, доктори санъатшиносӣ

Файзулло Кароматов асосгузори нахустин кафедраи мусиқии Шарқ дар миқёси собиқ Иттифоқи Шӯравӣ аст. Дар натиҷаи ин ташаббус нахустин бор дар таърихи системаи таълимии шӯравӣ омӯзиши мусиқии классикии Шашмақом ба сатҳи баландтарини таълимот ворид гашт ва назари бузурге ба сӯи мусиқии суннатӣ ба вуҷуд омад.

Ба қалами ӯ теъдоди зиёди осори илмӣ, маърифатӣ, мақолаҳо, маърӯзаҳо, тавсифҳо, барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ тааллуқ доранд. Кароматов мураттиб ва муҳаррири якчанд нашрияҳои илмӣ буда, таҳти роҳбарии ӯ солҳои 1955 – 1991дар Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Туркманистон экспедитсияҳои мусиқӣ-фолклорӣ ва сабтҳои мусиқии мардумӣ анҷом дода шудаанд.

Соли 1934 – Мавлуди Сайфиддин Тешаев, Корманди шоистаи Тоҷикистон

Соли 1941 – Зодрӯзи Ширин Бунёд, Шоири Халқии Тоҷикистон

Ширин Бунёд зодаи ноҳияи Роштқалъаи Бадахшон аст. Ӯ аз адибони шинохтаю варзидаи Тоҷикистон буда, дар адабиёти муосир мақому мартабаи хоси худро дорад. Дар назму наср асарҳои зиёд таълиф намудааст, ки “Бомдод”, “Зартеғ”, “Шоҳи тирандоз”, “Шерозаи ваҳдат”, “Гули андеша”, “Поси хотир”, “Шоҳроҳи Ваҳдат”, “Об, Замин ва одамон”, “Нома дар барги ҳавас”, “Чаҳорбарги рубоӣ” аз ин қабиланд. Силсилаи шеърҳои ӯ чун “Рӯдакӣ буду шукӯҳи шеър буд”, “Қасидаи Бадахшон”, “Оташи лаъли Бадахшон”, “Дар марзи асрҳо”, “Ҳафт бурҷи Тоҷикистон”, “Гулбарги мухаммас” байни хонандагон шӯҳрати зиёд пайдо кардаанд. Ширин Бунёд 3-юми июли соли 2011 дар 70-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Ширин Бунёд

Соли 1948 – Мавлуди Баҳодур Саодатшоев, журналист

Соли 1960 – Зодрӯзи Ҷамшед Нурмаҳмадзода, собиқ раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва ҳоло директори Агентии омори Тоҷикистон

Соли 1964 – Зодрӯзи Нуралӣ Давлатов, рӯзноманигор

Соли 1967 – Мавлуди Сайфиддин Қараев, журналист, корманди “Азия-Плюс”

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” корманди варзидаи худро бо ҷашни 57-солагиаш таҳният гуфта, дар фаъолият ва ҷодаи зиндагӣ муваффақияту комгорӣ таманно мекунад.

14 декабр Рӯзи табрики иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи атомии Чернобил ҷашн гирифта мешавад.

 


26 апрели соли 1986  дар бахши 4-уми неругоҳи барқи атомии Чернобил таркиши мудҳиш ба амал омад, ки таъсири манфӣ ва пайомадҳои ногувори он то ҳоло боқӣ мондаанд. Иттиҳоди Шӯравӣ дар оғоз миқёс садама ва хатари онро пинҳон дошт.

Барои бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи бесобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар сарбозони эҳтиётӣ сафарбар шуда буданд. Ҳамчунин наздик ба  ҳазор нафар аскарбачагоне, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбии дусоларо иҷро мекарданд, барои бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил фиристонида шуданд. Бояд гуфт, ки бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил аз рӯзи сар задани он, яъне аз 26 апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 идома ёфта, дар баробари 7 ҳазор сокинони Тоҷикистон ҳамчунин аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1 миллион нафар дар минтақаи барои саломатӣ хатарноку маргбори Чернобил сафарбар шуда буданд.

Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии маймунҳо ҷашн гирифта мешавад.

 


Ин ҷашн мақоми расмии байналмилалӣ надорад ва ҷашни давлатӣ ё миллии ягон кишвар нест. Вай ҳамчун шӯхӣ дар байни донишҷӯени донишгоҳи Мичиган зоҳир шуд. Яке аз донишҷӯён дар тақвим санаи 14-уми декабрро ҳамчун рӯзи маймунҳо қайд кард. Он вақт ин ҷашни хандаовар аз ҷониби донишҷӯён ҷашн гирифта шуд ва тавре аксар вақт рух медиҳад, шӯхӣ тадриҷан ба анъана табдил ёфт ва фазои маҷозӣ онро байналмилалӣ кард. Ин ҳодиса соли 2000 рух дода буд.

Дар ин рӯзи соли 1542 Мария Стюарт, ки ҳамагӣ шашрӯза буд, маликаи Шотландия эълон шуд. Маросими расмии тахтгузорӣ пас аз чанд моҳ, 9 сентябри соли 1543 баргузор шуд.

 

Маликаи Шотландия

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 1+6º гарм, рӯзона 6+11º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борон ва дар баландиҳои зиёда аз 1500 метр аз сатҳи баҳр барф борида, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Дар ноҳияҳои ҷанубӣ гарду ғубор дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 14+19º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 10+15º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон ва дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борон ва барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 3+8º гарм, рӯзона 10+15º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона -3+2º, дар баъзе ноҳияҳо то 4-6º сард, рӯзона 3+8º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф ва дар баъзе минтақаҳои шарқӣ барф меборад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 2-7º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 1+3º гарм, рӯзона 2+7º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 8+10º гарм, дар шарқи вилоят шабона 12-17º сард, дар баъзе минтақаҳо то 20-22º сард, рӯзона -4+1º.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 5+7º гарм, рӯзона 13+15º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 4+6º гарм, рӯзона 9+11º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 16+18º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, борон ва барф меборад. Ҳарорат: шабона 1-3º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.