ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ

- Имрӯз, соати 10:00 дар Театри давлатии мусиқӣ ва мазҳакаи ба номи К. Хуҷандӣ намоиши солинавии бачагонаи "Золушка" бо забони тоҷикӣ пешкаши бинандагон мегардад. Нархи чипта 10 сомонӣ аст ва онро сомона ва хазинаи театр дастрас кардан мумкин аст. Барои гирифтани маълумот ва фармоиши чипта, ба рақами 927645331 занг занед.

- Имрӯз Театри драмавӣ ва мазҳакаи ба номи А.С. Пушкин дар шаҳри Бустон (Чкаловск) намоиши интерактивии бачагонаи "Морозко"-ро дар таҳияи Раъно Раҳматуллоева, коргардони театр пешкаш мекунад. Коргардон ба намунаи маъруфи афсона қаҳрамонҳои нави афсонавӣ, саргузаштҳои ҷолиб ва мазҳака илова кардааст. Нархи чипта 15 сомонӣ аст ва барои гирифтани маълумот ва фармоиши чипта ба рақами 929200066 занг занед.

 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Соли 2007 – Дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино сӯхтор ба амал омад.

Соли 2018 – Палатаи болоии парлумони Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”-ро дастгирӣ кард. Минбаъд ҳамаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бояд сомонаи худро дошта бошанд.

Соли 2017 – Истгоҳи нави метрои шаҳри Тошканд ба номи Мирзо Турсунзода, Қаҳрамони Тоҷикистон гузошта шуд.

Соли 2018 – Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Паёми худ ба парлумони кишвар солҳои 2019 – 2021-ро  "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон кард.

Акс аз манбаъҳои боз

Соли 2022 – Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, рӯзноманигори тоҷик 7 сол равонаи зиндон шуд.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1926 – Зодрӯзи Шамсӣ Собир, тарҷумони тоҷик.

Соли 1930 –  Мавлуди Ғиёс Баҳриев, профессор, механик-математик.

Соли 1935 – Мавлуди Зулфиқор Абдусатторов, муҳандис-механик, номзади илмҳои техникӣ.

Соли 1956 – Зодрӯзи Шавкат Халилов, коргардони театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Шавқат Халилов
Яндекс.ру

Шавкат Халилзода ҳунарпеша ва коргардони театр буда, соли 1956 дар шаҳри Душанбе дар хонадони Муҳаммад Халилов, ҳунарпеша ба дунё омадааст. Солҳо дар Театри давлатии академӣ-драмавиии ба номи Лоҳутӣ, театрҳои мусиқӣ-мазҳакавуӣ дар Қурғонтеппа, Хуҷанд, Самарқанд, Театри лӯхтаки Душанбе ва Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов ва ахиран дар Театри давлатӣ-академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ чун коргардон ва саркоргардон фаъолият кардааст.

“Лайлатулқадр”, “Авлиё ва осӣ”, “Моҷарои обфурӯш”, “Тӯйи бедомод”, “Фарёди ишқ”,  “Хидматгори ду хоҷа” аз ҷумлаи маъруфтарин намоишномаҳоест, ки Шавкат Халилов рӯйи саҳна овардааст.

Ӯ соли 15-уми майи соли 2023 дар синни 66-солагӣ аз олам даргузашт.

Соли 1977 – Мавлуди Субҳон Ҷалилов, рӯзноманигор ва ровии барномаҳои радиоӣ, мудири барномаҳои Радиои "Asia-Plus".

Субҳон Ҷалилов
Акс аз "Азҳия-Плюс"

Субҳон Ҷалил хатмкардаи факултаи физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст, вале дар журналистика муваффақ шуд. Фаъолияти кориашро дар ин самт аз Радиои Тоҷикистон шурӯъ кард.

Баъдан сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ ва фароғатии радиои “Ватан” ва аз соли 2008 ба ҳайси директори барномаҳои радиои мазкур ва муаллифи шоу-барномаи субҳгоҳии “Субҳи Ватан” буд. Ӯ то охири соли 2022 дар вазифаи директори кулли Радиои "Ватан" фаъолият кардааст. Соли 2024 роҳбари барномаҳои Радиои "Asia-Plus" таъин гардид.

Субҳон Ҷалилов барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ, ва барандаи Ҷоизаи “Эътимод” мебошад.

Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” корманди худ ва ровии хушсадои тоҷикро бо ҷашни мавлуд таҳният гуфта, дар кору рӯзгораш муваффақияту комгорӣ таманно дорад.

"Азия-Плюс" соли гузашта ба муносибати зодрӯзи Субҳон Ҷалилов перомуни раҳоварди корӣ, принсипҳои эҷодӣ, муҳити касбӣ, масъулиятшиносӣ, адои ҳаҷ ва аламҳои бемодарии ӯ гуфтугӯ кард, ки метавонед онро дар ин пайванд хонед:  "Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!

Соли 1973 – Зодрӯзи Самариддин Афғонов, забоншиноси тоҷик, доктори илмҳои педагогика.

Соли 1986 – Мулук Баҳор, яке аз аввалин сарояндагони операи тоҷик дар синни 68 даргузашт.

Баҳор Мулук яке аз аввалин ва бомаҳораттарин сарояндагони операи тоҷик буда, дар рушди операи тоҷик сазми босазо дорад. Ӯ хатмкардаи Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Тошканд ва Консерваторияи давлатии ба номи Чайковскийи Маскав буда, аввал як муддат дар Ансамбли суруд ва рақси Филармонияи давлатии Ӯзбекистон ҳунарнамоӣ карда ва соли 1940 ба Театри давлатии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ омада, беш аз се даҳсола дар саҳнаи ин боргоҳи ҳунар будааст.

Баҳор Мулук дар санъати операи тоҷик беш аз 80 нақш офаридааст, ки Гулъизор дар “Шӯриши Восеъ”, Гулрӯ дар “Пӯлод ва Гулрӯ”, Ойхон дар “Найрангҳои Майсара”, Комде дар “Комде ва Мадан”, Маҳин дар “Тоҳир ва Зуҳро”, Гулчеҳра дар “Оршинмололон” аз беҳтарин офаридаҳояш аст.

Соли 1998 – Аслӣ Бурҳонов, ҳунарпешаи театр ва синамои тоҷик, коргардон дар синни 83 даргузашт.

Аслӣ Бурҳон

Аслӣ Бурҳонов яке аз симоҳои барҷастаи синамои тоҷик буда, бо иҷрои як қатор нақшҳо дар театру синамо ва ба саҳна овардани чанд намоишнома ба унвони ҳунарпеша ва коргардони тоҷик шинохта гардид.

Аслӣ Бурҳонов дар хонаводаи сеюмин мансабдори аморат - қозикалон ба дунё омад. Ҳанӯз дар синни панҷсолагӣ падари худро аз даст дод, вале ятимӣ ва мушкилоти зиндагӣ натавонистанд ба рушду парвариши истеъдоди ӯ монеа эҷод кунанд. Дар мактаб Аслӣ Бурҳонов ба дастаи ҳунарӣ ҳамроҳ шуд ва ҳамин тавр нахустин қадамҳояшро ба сӯи ҳунар гузошт.

Ӯ дар ҳеҷ гуна мактаби олӣ таҳсил накард ва фақат аз ҳунармандони театр ҳунар омӯхт ва ҳанӯз дар 15-солагӣ аввалин нақши худро дар намоишномаи “Ҳуҷум” иҷро намуда, соли 1931 дар 16-солагӣ ба ҳайати ҳунармандони касбии театри Бухоро пазируфта шуд. Пас аз 2 сол ба Душанбе кӯчид ва дар Театри Лоҳутӣ ба кор даромад ва то охири умр яке аз сутунҳои асосии театри тоҷик боқӣ монд.

Тамошобинон бо садову симои ӯ бо иҷрои нақшҳои Абдураҳмон дар “Сарҳад дар кӯҳсор”, Абдулло дар “Дохунда”, Мухтор-ака дар “Ман бо духтаре вохӯрдам”, Ҳоҷиёров дар “Одам пӯсташро иваз мекунад” ошно гардидааст. Бо далели пайваста ва бомаҳорат бозидани нақши Ленин, ӯро "Ленини тоҷик" ҳам меноманд.

Ба унвони коргардон “Муаллими ишқ”, “Арӯси панҷсума”, “Гавҳари шабчароғ”, “Рӯдакӣ”-ро рӯйи саҳна овардааст, ки аз ҷумлаи беҳтарин намоишномаҳо дар хазинаи санъати тоҷиканд.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

Рӯзи 26-уми декабри соли 2004 дар ҷануби Осиё сунамии азим ба амал омад. Он ба маҳалҳои аҳолинишини соҳилҳои Ҳиндустон, Индонезия ва Шри-Ланка талафоти ҷиддӣ расонид. Дар пайи ин сунами беш аз 225 ҳазор нафар ҷон бохтанд. 


Соли 1816 дар Санкт-Петербург "Шӯриши декабр" рух дод. Тибқи нақшаи декабристон, нерӯҳои шӯришӣ бояд қасри Зимистона ва қалъаи Петропавловскро ишғол ва оилаи подшоҳро дастгир мекарданд.


Ҳамчунон, аз Сенат талаб карда мешуд, ки дар бораи таназзули ҳукумати собиқ ва таъсиси ҳукумати муваққатии инқилобӣ манифест эълон кунад. Аммо шаби инқилоб он саркӯб карда шуд. Садҳо нафар кушта шуданд ва қисмате боздошт ва ба зиндон фиристода шуданд. Беш аз 120 нафар ба муддатҳои гуногун ба Сибир бадарға шуданд.

Рӯзи 26-уми декабри соли 1783 аввалин ҷаҳиши бо парашют аз баландӣ дар таърих намоиш дода шуд. Он парашютро физики фаронсавӣ Луи Себастьян Ленорман сохта буд.

Акси марбут

Ӯ дар Париж аз боми хонааш ҷаҳид ва ин кӯшиши ӯ муваффақ шуд. Бори дуюм дар Молпеле аз боми расадхона ҷаҳид.

Имрӯз рӯзи тақдими тӯҳфа дар аксар кишварҳо ҷашн гирифта мешавад ва ин фурсати муносиб барои тақдими туҳфаҳост. Аслан ин ҷашн дар Британияи Кабир, Австралия ва Зеландияи Нав таҷлил мегардад. Дар бораи пайдоиши рӯзи тақдими  тӯҳфаҳо назарияҳои зиёде мавҷуданд. Аксарият тарфдори ин назарияанд, ки ҷашн аз додани тӯҳфа ба камбағалон маншаъ гирифтааст.

Акси марбут
Акс аз Яндекс.ру

 

ВАЗЪИ ҲАВО

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ барф борида, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -3+2º, рӯзона 5+10º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, дар ноҳияҳои алоҳида тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -2+3º, рӯзона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 11+13º гарм, дар доманакӯҳҳо  шабона -1+4º, рӯзона 5+10º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бебориш, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ борон ва барф борида, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: дар водиҳо шабона -1+4º, рӯзона 7+12º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз -2+3º то 2-7º сард, рӯзона 0+5º гарм.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбӣ борон ва барф борида, дар шарқи вилоят ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3-8º сард, дар баъзе ноҳияҳо то 0-2º сард, рӯзона 4+9º гарм, дар шарқи вилоят шабона 18-23º сард, (дар мавзеи Булункӯл шабона 38-40º сард, рӯзона 13-15º сард) рӯзона 6-11º сард.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 1+3º гарм, рӯзона 7+9º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона -1+1º, рӯзона 6+8º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, тормеғ мефарояд. Ҳарорат: шабона 0+2º гарм, рӯзона 4+6º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм) пешгӯӣ мешавад. Ҳарорат: шабона 4-6º сард, рӯзона 5+7º гарм.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.