Душанбе. 25-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни нишасти хабарӣ вазири молияи кишвар Сафаралӣ Наҷмиддинов изҳор кард, ки айни замон ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон 2 млрд. 75 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 33% рост меояд.
Наҷмиддинов зикр кард, ки нимаи аввали соли равон ҳаҷми хизматгузории қарзи хориҷӣ 42 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки аз ин миқдор 16 млн. пардохти қарзи асосӣ ва 26 млн. $ пардохти фоизҳо мебошад. «Мутобиқи стратегияи идоракунии қарзи хориҷии мамлакат, ҳадди ниҳоии ҷалби қарзҳо дар сатҳи 40% нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ муайян карда шуда, чунин таносуб аз ҷониби созмонҳои байнулмилалии молиявии мададрасон тавсия шудааст ва аз ин рӯ, ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба барнома мутобиқ аст», - гуфт вай.
Вазири молия таъкид сохт, ки имрӯз атрофи ҳаҷми қарзи хориҷӣ дар ВАО баҳсу мунозираҳои гуногун сурат мегиранд, вале он набояд боиси нигаронӣ бошад, зеро қарзи хориҷӣ муваффақона идора ва саривақт хизматгузорӣ мешавад.
Ба қавли С.Наҷмиддинов, қарзи ахир дар ҳаҷми 26 млн. доллари ИМА аз ҷониби Бонки содиротиву воридотии Чин барои сохтмони зеристгоҳи Хуҷанд ҷудо гардидааст. «То чанде қабл вилояти Суғд дар як шабонарӯз 12 соат бо нерӯи барқ таъмин мегардид ва бунёди ин зеристгоҳ барои таъмини шабонарӯзии вилоят бо барқ шароит фароҳам сохт», - афзуд вазир.
Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи доктори улуми иқтисод, профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, Тоҷикистон минбаъд бояд аз ҷалби қарзҳои хориҷӣ худдорӣ кунад, зеро хизматгузории қарз ба вазъи иҷтимоии кишвар осеби зиёд мерасонад. «Дар Вазорати молия аллакай камбуди воситаҳо барои хизматгузории қарзро эҳсос мекунанд, - изҳор кард ӯ дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс». – Аз ин рӯ, онҳо аз қарздеҳони хориҷӣ дархост доранд, ки мӯҳлати баргардонидани онҳоро дароз кунанд, аммо дар натиҷаи тамдиди мӯҳлати пардохти қарз, онҳо бештар гардида, минбаъд мо маҷбур мешавем, ки бо коҳиши ҳаҷми хароҷот ба бахши иҷтимоӣ қарзҳои ҳаҷман бузургро хизматгузорӣ намоем».
Намояндаҳои беш аз 10 донишгоҳи хориҷа ба ҷустуҷӯи довталабони тоҷик омадаанд
Тағйирот дар Ҳаҷ – 2025. Акнун тариқи ширкатҳои хориҷӣ касе наметавонад маносики ҳаҷро адо кунад
“Баланд бардоштани малака ва маҳорати наврасону ҷавонони Тоҷикистон барои кор ва зиндагӣ”. Баргузории конфронси ҷумҳуриявӣ аз ҷониби ЮНИСЕФ ва Иттиҳоди Аврупо
Ҳавлӣ, хона, ду мошин ва 230 ҳазор сомонӣ. Мақомот ба мусодираи амволи чеҳраҳои “парвандаи табаддулот" оғоз карданд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 4
Рӯзи пойтахти Тоҷикистон: Душанбе ҷашни худро чӣ гуна таҷлил мекунад?
Пешгӯии сустшавии рушди иқтисоди Тоҷикистон бар асари коҳиши интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2025
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста