Сардори сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҶТ Азими Иброҳим 9-уми июл дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки захираҳои бузурги карбоҳидратҳо дар Тоҷикистон ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонро ба кишвар ҷалб кардаст ва пешгӯиҳои мутахассисон комилан умедбахшанд.

Ба қавли ӯ, ширкатҳои мамолики бузургтарини ҷаҳон, чун Total SA-и Фаронса, China National Petroleum Corporation-и Чин, Tethys Petroleum Limited-и Бритониё ва Gazprom International-и Русия агар лоақал ба чизе дилпур намебуданд, фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба роҳ намемонданд ва барои дарёфти захираҳои нафту газ маблағи зиёд ҷудо намекарданд.

«Албатта, дар геология чун дар дигар соҳот кафолат дода намешавад, аммо маълумоте дар даст ҳаст ва бар пояи онҳо метавон ба хулосае омад, ки дар умқи зиёд ҳаҷми саноатии карбоҳидридҳо мавҷуд мебошад. Ширкати «Густафсон»-и Амрико бар асоси маълумоти ҳанӯз дар даврони ИҶШС ҳосилшуда ва бо кӯмаки таҳқиқоти аэрологӣ ба хулосае омад, ки қаламрави Тоҷикистон ояндадор аст ва месазад, ки вориди ин сарзамин шаванд», - иброз дошт вай.

Ба қавли ӯ, чунин пешгӯиҳо қаблан ҳам ироа мешуданд, аммо онҳо бо пармакунии амалӣ собит нашуда буданд. Аълон ширкатҳои Total SA, CNPC дар ҳамдастӣ бо Tethys-ро лозим аст, дар ҷанубу шарқи ҷумҳурӣ корҳои бодиққати геофизикӣ, аз ҷумла, корҳои иктишофи зилзилаву ҷозибасанҷиро гузаронанд. Баъдан бар пояи ин таҳқиқот мавзеъи пармакунии чоҳро муайян созанд.

«Ширкати CNPC таҷрибаи зиёди коркарди маълумотро дорост. Total аз лиҳози фаннӣ хеле хуб муҷаҳҳаз аст ва фикр мекунам, ки дар маҷмӯъ ин ширкатҳо натиҷаи хуб ба даст меоранд. Лоиҳаҳои пешниҳодкардаи ин ширкатҳоро мо баррасӣ мекунем. Дар ин лоиҳаҳо ҳаҷми сармоягузориҳо ишора хоҳад шуд, аммо ҳоло маълум нест, ки ин ширкатҳо барои фаъолияти худ дар Тоҷикистон чӣ миқдор маблағ ҷудо карданиянд», - тавзеҳ дод Азими Иброҳим. Мавсуф истисно накард, ки аснои ошкор ва истихроҷи конҳои калони гази табиӣ, содироти карбоҳидратҳо аз Тоҷикистон ба Чин комилан воқеъӣ хоҳад буд.

Сардори сарраёсати геология хабар дод, ки то кунун ширкати Gazprom International жарфнои тарҳезишудаи 6300 метрро дар чоҳи «Шаҳринав 1п» дар қитъаи ояндадори Сариқамиш гузаштааст ва барои омӯзиши муфассалтари таркиби чоҳ, онро боз то 6450 метр парма кардааст.

Ба қавли Азими Иброҳим, ҳаҷми умумии маблағгузории Газпром то кунун 5 млрд. рубли русиро ташкил додааст.

Лозим ба қайд аст, ки бар пояи чандин пешгӯиҳо, дар қаъри замини Тоҷикистон беш аз 113 млн. тонна нафт ва 863 млрд. метри мукааб гази табиӣ мавҷуд аст. Аммо истихроҷи карбоҳидратҳо дар робита ба релефи мураккаб ва душворфатҳи кӯҳии кишвар хеле серхароҷот маҳсуб мешавад.