Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон 397,2 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи моҳи январи соли 2013 ба миқдори 7,2% ё худ 31 млн. доллари ИМА камтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили 255,8 млн. доллари ИМА шудааст. Моҳи январи соли 2013 Тоҷикистон бо 60 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 50 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.
Моҳи январ ҳаҷми содироти мол 70,7 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2013 ба миқдори 44,1% ё худ 55,7 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми зиёда аз 326,5 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8,2% ё худ беш аз 24,8 млн. $ зиёдтар аст.
Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар моҳи январи соли 2014 Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он зиёда аз 100 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Қазоқистон – ҳудуди 70 млн. $, Чин – 44 млн. $ ва Туркия – тақрибан 38,8 млн. $-ро ташкил додаст.
Ёдрас мекунем, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2013 ҳудуди 5 млрд. 285 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба миқдори 2,9% ё худ 146,7 млн. доллари ИМА зиёдтар аст.




Аз қатли Нилуфар то Қобилҷон дар Русия. Натиҷаи ташаккули фазои муҳоҷирситезӣ ва беҷазоӣ барои нажодпарастӣ?
Боз ҳамлаи гург ба ду сокини ноҳияи Деваштич. Ин ҳодисаи сеюм дар як моҳи охир аст
Қариб 6 ҳазор донишҷӯи ӯзбекистонӣ дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд
Нотаи Тоҷикистон ба Русия дар пайи куштори навраси тоҷик. Раҳимзода аз Колоколтсев таҳқиқи ҳодисаро хост
Тоҷикистон дар радабандии рушди иҷтимоӣ дар зинаи 113-ум қарор гирифт
Гаронтарин футболбозони Лигаи олии Тоҷикистон киҳоянд?
Эмомалӣ Раҳмон: “Истихроҷи канданиҳои фоиданок дар Тоҷикистон 2 баробар зиёд мешавад”
Куштори навраси 10-солаи тоҷик дар мактабе дар Русия. Сафорати Тоҷикистон ба ВКХ Русия ёддошти расмӣ фиристодааст
Президенти Тоҷикистон ваъда дод, ки дар кишвар 1,4 млн ҷойи корӣ таъсис дода мешавад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста