Рӯзҳои 18-21 май дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе нахустин намоишгоҳ-ярмаракаи музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин доир мегардад.
Дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар мегӯяд, дар намоишгоҳ-ярмарка молу колои истеҳсолкунандагон ва корхонаҳои тиҷоратии беш аз 55 ширкатҳои маъруфи чинии музофоти Нинся ба маърази тамошо гузошта мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар ин намоишгоҳ маҳсулот барои рӯзгору хона ва сарулибос, маводи ғизойии «Ҳалол», маҳсулоти кишоварзӣ, сарулибоси миллӣ, масолеҳи сохтмон, асбобу лавозимоти маишӣ, маснӯот аз пӯсту мӯина ва таҷҳизоту технологияҳои нави энергетикаи алтернативӣ пешниҳод мегардад.
Гуфта мешавад, чорабинии мазкур аз ҷониби депатраменти тиҷорати ҳукумати мардумии музофоти Нинсяи ноҳияи мухтори Хуэйи Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Палатаи савдо ва саноати ҶТ бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад.




Шаҳрвандони Тоҷикистон давоми соли 2025 дар Google бештар чӣ ҷустуҷӯ карданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 4 январи соли 2026
Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста