Миёни Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» ва ширкати DPU investment GmbH-и Олмон оид ба сохтмони маркази логистикӣ дар фурудгоҳи пойтахти Тоҷикистон Ёддошт ба имзо расид.
Бино ба иттилои Кумитаи давлатии самоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, санад дар доираи кори ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Олмон, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта дар Душанбе доир гардид, ба имзо расидааст.
Гуфта мешавад, ҳамчунин аз рӯи натиҷаҳои ҳамоиш байни КВД “Тоҷинвест”-и Кумитаимазкур ва DPU investment GmbH-и Олмон оид ба ҷалби сармояи хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории бахши хусусӣ низ Ёддошт ба имзо расидааст.
Дар маълумоти Кумита зикр мегардад, ки дар кори ҳамоиши тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Олмон дар Душанбе 25 нафар соҳибкорони Олмон ва беш аз 100 нафар тоҷирони тоҷик ширкат варзиданд.
Ширкати DPU investment GmbH-и Олмон ба таҳияи лоиҳаҳо дар бахши энергетикаи алтернативӣ ва сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия ва ҳамчунин ҷалби сармоягузориҳои байнулмилалӣ машғул аст. Аксари лоиҳаҳои ширкат дар кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои мустақил амалӣ шудаанд.
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Даромади операторони хусусии алоқа дар Тоҷикистон ба таври назаррас кам шуд
Қонунӣ шуд. Додрас шудан мехоҳӣ? Забони хориҷӣ омӯз!
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста