Солҳои охир мушоҳида мешавад, ки бархе мансабдорони Тоҷикистон парвои интиқоди ҷомеаро надоранд. Онҳо на танҳо дар рӯзҳои маъмулӣ, ҳатто дар нишастҳои матбуотӣ ба суоли журналистон посухи пурра намедиҳанд, бо онҳо муносибати дурушт мекунанд, ба мақолаҳои танқидӣ, ки тибқи фармони раиси ҷумҳур бояд вокуниш кунанд, аксуламал нишон намедиҳанд ва дар баъзе ҳолатҳо журналистонро таҳқир ҳам мекунанд.

 

Қонунгузории кишвар чӣ мегӯяд?

Тибқи фармони №622-и раисҷумҳури Тоҷикистон “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” мансабдорони давлатӣ ба мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии расонаҳо, ки бевосита ба ниҳоди зери роҳбарии онҳо рабт дорад, бояд вокуниш кунанд.

Инчунин, дар кишвар амри раисҷумҳур дар бораи баргузории нишастҳои матбуотӣ (дар як сол ду маротиба) амал мекунад, ки дар асоси он ниҳодҳои расмии давлатӣ бояд дар бораи фаъолияти худ маълумот диҳанд ва роҳбарони аввали сохторҳо ба суолҳои журналистон посух гардонанд.

Дар баробари ин, дар кишвар Қонун “Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО” ва Қонун “Дар бораи иттилоот” амал мекунад, ки дар асоси он журналистон ҳақ доранд, ки маълумоти заруриро, ки қонунгузорӣ иҷозат додааст, аз ниҳодҳои давлатӣ сари вақт ва бидуни мушкил дастрас кунанд ва паҳн намоянд.

Барои риоя нашудани ин қонунҳо ҷазо пешбинӣ шудааст. Вале то ҳол ҳеҷ як ниҳод ё мансабдоре барои пешниҳод накардани маълумот ба журналистон ҷазо нагирифтааст. Шояд ин сабаб шуда, ки бархе мансабдорони тоҷик парвои танқид надоранд, бо журналистон рафтори тунд мекунанд, ба суолҳои онҳо посух намедиҳанд, дар нишастҳо роҳбарони аввал намеоянд, ба саволу дархостҳои журналистон барои гирифтани маълумот посух намедиҳанд ва ё диҳанд ҳам на дар муҳлати муйянкардаи қонунгузорӣ ва на пурра, ки ба дарди журналист хӯрад.

 

Бег Сабур, тири шикорчӣ ва мушкили давомдори Интернету алоқа

Яке аз мансабдорони тоҷик, ки заррае парвои интиқод надорад Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа аст. Ҳарчанд, фаъолияти ӯ чандин сол аст, зери интиқоди рӯзноманигорон ва ҷомеа қарор дорад, вале ӯ боре ҳам ба ин танқидҳо вокуниш нишон надодааст.

Бег Сабур
Акс аз Радиои Озодӣ

Ӯ бори охир ҳамчун раиси Хадамоти алоқа соли 2012 дар нишасти матбуотии ин ниҳод ширкат кард ва баъди посухи “булаҷабаш” беш аз 12 сол аст, ки дигар ба нишастҳо намеояд.

Он замон Бег Сабур (он вақт Зуҳуров - аз идора) гуфта буд, ки сабаби қатъи алоқаи телефонӣ дар Бадахшон “тири шикорчӣ аз Ваҳдат аст, ки сими телефонро кандааст”. Ин сухани ӯ мавҷи танзу интиқоди корбаронро ба миён оварда буд. Он замон баъзе аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ ба идораи Бег Сабур чанд метр сим ҳам бурда буданд, ки алоқаро барқарор намояд.

Моҳи марти соли 2019 Ёқуб Ҳалимов, рӯзноманигори тоҷик собит кард, ки Бег Сабур ҳамчун мансабдор дар идори давлатиаш нишаста, ба фурӯши хона машғул аст. Баъди нашри тадқиқот ҳам аз ҷониби ӯ ва дигар ниҳодҳо ҳеҷ вокунише нашуд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қонунгузорӣ мансабдори давлатӣ дар Тоҷикистон ҳаққи машғул шудан ба фаъолияти соҳибкориро надорад.

Зимнан, чанд соли охир ниҳоди зери роҳбари ӯ ҳам барои сифати пасти Интернет ва гаронии нархи он аз ҷониби рӯзноманигорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ интиқод мешавад.

Ҳатто Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар паёми солонааш (соли 2022) сифати Интернет ва нархи онро интиқод кард. Вале вазъи Интернет ҳамоно нигаронкунанда боқӣ мемонад. Ҳарчанд, Хадамоти алоқа мегӯяд, чандин корҳоро дар ин самт ба сомон расонидааст, вале дар бораи нарху сифати Интернет ҳамоно шикоятҳо вуҷуд доранд.

Ин ниҳод пештар шуъбаи матбуот надошт ва ё камфаъол буд, вале баъди интиқодҳои охир онҳо чунин шуъбаро фаъол кардаанд ва он гоҳе ба хабару гузоришҳои журналистон вокуниш мекунад, вале чунин менамояд, ки ин ҳама корҳо дар сатҳи таблиғ боқӣ мондааст. Набояд фаромӯш кард, Бег Сабур ҳоло ҳам ба нишастҳои матбуотӣ намеояд ва нарху сифати Интернет ҳам дар кишвар арзону беҳтар нашудааст.

 

Савол ба ҷои посух ва дархостҳои рӯзноманигории беҷавоб аз ВКД

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, ҳарчанд дар нишастҳои матбуотӣ кӯшиш мекунад ба ҳамаи суолҳои журналистон посух диҳад, вале на ҳамеша посухҳои ӯ пурра ва бархӯрдаш бо журналистон ҳирфаӣ аст.

Ӯ баъзан дар нишастҳои матбуотӣ ба суол бо суол посух медиҳад, талаб мекунад, ки манбаи хабар ҳамон лаҳза пешниҳод гардад, вақте журналистон далел пешниҳод кунанд, онро рад мекунад ё нодида мегирад.

Баъзан ба симои зоҳирӣ ё либоси журналистон эрод мегирад. Масалан, дар яке аз нишастҳо ӯ аз журналисти Радиои Озодӣ талаб кард, ки кулоҳашро гирифта, баъд савол диҳад.

Рамазон Раҳимзода
Акс аз Абдуллоҳ Ғурбатӣ, Asia-Plus

Дар нишасти ахир, вақте хабарнигори Радиои Озодӣ дар бораи мавҷудияти рӯйхати ҳамҷинсгароён савол дод, Раҳимзода бо асабоният онро рад кард ва ба хабарнигор савол дод, ки “номи шумо онҷо (рӯйхати ҳамҷинсгароён дар назар аст, - аз идора) буд? Шояд хато шудааст-а?”.

Дафтари матбуоти ин ниҳод ҳарчанд нисбатан фаъол аст, вале вобаста ба масоиле, ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба он бештар аст ё таъҷилӣ аст, онҳо низ иттилои заруриро саривақт пешниҳод намекунанд. Аз журналистон дархости рӯзноманигорӣ талаб мекунанд, вале баъди қабули он саривақт ҷавоб намедиҳанд ва ё умуман посух намегардонанд. Масхсусан, агар он ба мавзӯъҳое мисли мубориза бо терроризму экстремизм ва боздошти гумонбарону ҷинояткорон дар хориҷа рабт дошта бошад.

Аз ҷумла, “Азия-Плюс” рӯзи 27-уми марти соли равон №25/1 оид ба маълумоти бештар дар бораи гумонбарони ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”, рӯзи 1-уми апрели соли равон №28 оид ба хабарҳо дар мавриди боздошти чанд сокини шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат барои омода кардани амали террористӣ дар кишвар, рӯзи 8-уми январ соли 2024 №02 дар бораи тарзи қабули ҷаримаҳо барои қонунвайронкунии тартиботи роҳ ва рӯзи 15-уми марти соли равон №22 барои таҳияи мусоҳиба бо як нафаре, ки аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ ба кишвар баргаштааст, ба ВКД дархости расмӣ исрол кард. Вале бо гузашти чандин моҳ ба ин мактубҳо посух дарёфт накардааст.

“Азия-Плюс” ҳатто ба як мактуби худ дар доираи парвандаи Шуҳрат Исматуллоев, ки 29-уми сентбяри соли 2023, №71 ба ВКД ирсол карда буд, посух нагирифтааст.

 

Посухҳои тунд ва ё “тафтишот идома дорад”

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ҳарчанд дар нишастҳои матбуотӣ иштирок мекунад, аммо на ҳамеша ба суоли журналистон посухи пурра медиҳад ва баъзан бо ибораи “тафтишот идома дорад” иктифо мекунад. Ин аст, ки аксаран нишастҳои матбуотии ин ниҳод аз 15 то 30 дақиқа давом мекунад.

Маркази матбуоти ин ниҳод ҳам ба аксари зангҳои хабарнигорони “Азия-Плюс” ҷиҳати пешниҳоди иттилоъ посух медиҳанд, ки “мактуби расмӣ исрол кунед”. Баъди ирсоли мактуб ин ниҳод посух медиҳад, вале тавре маълум аст, то мактуб ворид ва посухи он ба журналист дастрас мешавад, хабар фаврияти худро гум мекунад.

Юсуф Раҳмон
Акс аз АМИТ "Ховар"

 

Ба сарбозшикор то ҳол вокуниши расмӣ нест

Шералӣ Мирзо, вазири дифоъ ҳам ба мавод ё хабарҳои танқидӣ, ки ба ниҳоди зери роҳбарии ӯ рабт дорад, вокуниш намекунад.

Аз ҷумла, ҳамасола дар кишвар маъракаи давъати наваскарон ба сафи Артиш сурат мегирад ва дар раванди он шикоятҳо дар бораи сарбозшикор ё “облава” зиёд расонаӣ мешавад. Ҳатто аксу наворҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳамин тариқ, дар расонаҳо зиёд нашр мешавад. Вале Вазорати дифои кишвар, аз ҷумла вазир дар бораи ин хабарҳо вокуниш намекунад.

Ҳарчанд коршиносон ва журналистон дар бораи меҳтарсолорӣ, шароти номусоиди хидмати ҳарбӣ ва ҳатто марги сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ мегӯянд, ин ниҳод аксуламал нишон намедиҳад.

Маркази матбуоти ин ниҳод нисбатан фаъол аст, вале барои шарҳи масоили доғ, аз ҷумла дар ҷараёни даъват ба сафи Артиш аксар вақт дастнорас мешавад.

Шералӣ Мирзо
Акс аз Agency sco-russia2020.ru

 

Вақте зердастон гапи вазирро намегиранд

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт на танҳо дар рафти нишастҳои матбуотӣ маълумот намедиҳад, инчунин, вақте ба зердастонаш дар бораи додани иттилоъ супориш медиҳад, онҳо ба супориши ӯ беэътиноӣ мекунанд.

Ду сол аст, ки “Азия-Плюс” дар робита ба лоиҳаҳои сохтмони роҳҳои автомобилгард дар кишвар, инчунин лоиҳаҳои афзалиятнок дар ин самт аз Вазорати нақлиёт мехоҳад иттилоъ гирад, вале то ҳол дастёб нашудааст. Тибқи дархости вазорат ду маротиба мактуби расмӣ ҳам ирсол шуд, вале ба онҳо ҳам посух надоданд.

Ҳамчунин, дар ду нишасти матбуотии охир журналистони “Азия-Плюс” шахсан аз Азим Иброҳим пурсиданд, ки дар ин бора маълумот диҳад ва ё ба мактубҳои расмии “Азия-Плюс” посух гардонад. Ҳарчанд дар ҳарду ҳолат ӯ ба яке аз зердастонаш супориш дод, ки ба дархости мо посух диҳанд, вале то ҳол ҳеҷ иттилое аз ҷониби он зердаст ба мо нарасидааст.

Азим Иброҳим
Акс аз АМИТ "Ховар"

 

“Лимит”-и барқе, ки касе эътироф намекунад

Маҳдудияти интиқоли барқ аз камтарин мушкилоте аст, ки танҳо ба роҳбарони аввали сохторҳо рабт надошта, балки ба низоми он вобаст аст. Яъне, ҳар касе ки роҳбари ин ниҳодҳои танзимкунандаи соҳа набошад, танқид ба онҳо асаре намекунад.

Ҳамсола вақте дар фасли зимистон дар кишвар маҳдудияти интиқоли барқ ҷорӣ мешавад, журналистон мехоҳанд дар бораи реҷа ва ё сабабу омилҳои ҷорӣ гардидани он маълумот дастрас кунанд, вале аз Вазорати энергетика ва ва захираҳо об ва “Барқи тоҷик” касе пайдо намешавад, ки иттилоъ пешниҳод кунад ва сабабу омилҳои аслии онро шарҳ диҳад.

Ҳарчанд “Барқи тоҷик” баъди як ё ду моҳи ҷорӣ шудани маҳдудият иттилоия нашр мекунад, вале реҷае, ки ин ниҳод мегӯяд, ба реҷаи воқеии “лимит”-и барқ мувофиқат намекунад.

Чанд сол пеш ин ниҳод эълон кард, ки ширкати “Барқи тоҷик” ба се ниҳоди алоҳида тақсим шуд ва масъалаи таъмини барқ ба аҳолӣ ба дӯши Шабкаҳои тақсимоти барқ аст, ки роҳбариашро як шаҳрванди Ҳиндустон ба уҳда дорад.

Акс аз Asia-Plus

Хунукназарии роҳбарияти “Шабакаҳои тақсимоти барқ” бо ин тамом намешавад. Ин ниҳод дар нишасти охири матбуотӣ дар моҳи феврали соли равон дар робита ба “лимит”-и барқ посухи пурра надода, масъулиятро ба зиммаи ҳамдигар мепартофтанд.

Аз ин ду ниҳод, на танҳо маълумот дар бораи барқро дастрас кардан ғайриимкон аст, ҳамчунин онҳо, ки масъули назорату танзими кори Марказҳои барқу гармидиҳӣ мебошанд, ба саволҳои пайдарпай дар бораи мушкили интиқоли гармӣ ба хонаҳои сокинон маълумот намедиҳанд.

 

КДАМ танҳо ба “Ховар” изҳорот медиҳад

Ин ниҳоди муҳими давлатӣ ва зерсохтораш ҳам ба суолҳои журналистон на ҳамеша посух медиҳанд. Ҳарчанд, то чанд сол пеш маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фаъол буд, вале он ҳоло пурра робитаашро бо журналистон, махсусан рӯзноманигорони хусусӣ қатъ кардааст ва ҳатто ба дархостҳои расмии журналистон ҳам посух намедиҳад.

Аз ҷумла, рӯзи 1-уми апрели соли равон №28/2 “Азия-Плюс” ба унвонии раиси КДАМ дар робита ба шахсияти гумонбарони ҳамлаи “Крокус Сити Ҳолл” бо чанд суол муроҷиат кард, вале инак бо гузашти ду моҳ ҳеҷ посухе аз ин ниҳод дастрас накардааст.

Зимнан, гоҳ-гоҳе дар хабаргузории давлатии “Ховар” дар робита ба ин ё он мавзӯъ аз номи маркази матбуоти КДАМ изҳорот нашр мешавад.

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҳам, ки то чанд сол пеш дафтари матбуот дошту фаъол буд, ҳоло дигар ба суолҳои журналистон посух намедиҳад. Махсусан, дар замони даргириҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон ҳузури маркази матбуотии ин ниҳод хеле зарурӣ ва саривақтӣ аст. Он замон ҳам ҷомеаи журналистии кишвар аз масъулин талаб мекарданд, ки дафтари матбуотии як замон нисбатан фаъоли онро барқарор кунанд, вале касе ба ин дархостҳо аҳаммият намедиҳад.

 

Посухи ҳамеша тайёри Сафорати Тоҷикистон дар Русия

Дар бораи фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Русия махсус бояд зикр кард. Чунки теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия беш аз як миллион аст, қариб ҳар рӯз аз ҳар гӯшаи ин кишвар дар бораи ҳодисае бо иштироки тоҷикон дар расонаҳо иттилоъ нашр мешавад. Баъзеи ин ҳодисаҳо вокуниши мухталифро ба миён оварда, миёни ҷомеа ба таври васеъ муҳокима мешавад.

Дар чунин ҳолат, аввалин ниҳоде, ки ҷомеа барои посух ёфтан ба саволҳои хеш муроҷиат мекунад, Сафорати Тоҷикистон дар Русия аст. Вале посухи сафорат аксар вақт яксон аст ва баъзан дар сомона ва саҳифаи фейсбукаш нашр мешавад: “Сафорат аз ҳодисаи рухдода дар ҷараён аст ва он зери назорат ва пайгирӣ қарор дорад”. Бо ҳамин ҳодиса фаромӯш мешавад ва натиҷаи пайгирӣ интишор намегардад.

Чанде пеш “Азия-Плюс” дар робита ба камфаъолии ин ниҳод як мақолаи таҳлилӣ ва интиқодӣ бо номи “Масъала таҳти пайгирӣ қарор дорад”. Сафорати Тоҷикистон дар Русия чӣ гуна фаъолият мекунад?” нашр кард, вале ба он ҳам ҳеҷ вокунише нашуд ва чизе тағйир наёфт.

Бинои Сафорати Тоҷикистон дар Русия
Аз манбаъҳои боз

 

Аз талаби ширкат бо либоси расмӣ ва бидуни риш дар нишастҳо то ниҳодҳои дигари “зӯр”

Бархе аз ниҳодҳои дигар, ҳарчанд ба саволи журналистон посух медиҳанд, вале дар баъзе ҳолатҳо мактуби расмӣ талаб мекунанд, роҳбарони аввал дар нишастҳо ширкат намекунанд ва ё ба намуди зоҳирии журналистон эрод мегиранд.

Масалан, дар яке аз нишастҳои Кумитаи телевизион ва радио бархе аз журналистонеро, ки риши дамида доштанд, роҳ надоданд ва аз онҳо талаб карданд, ки ришашонро тарошанд.

Ғайр аз ин, Нуриддин Саид, роҳбари ин Кумита зимни баргузории чанд нишасти матбуотӣ аз журналистон хост танҳо як суол диҳанд.

Ҳамчунин, Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи Тоҷикистон дар нишасти матбуотии моҳи феврали соли 2023 аз хабарнигорон талаб кард, ки “барои иштирок дар нишастҳои матбуотӣ бо либоси расмӣ ва нимарасмӣ” ҳозир шаванд.

Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе низ бо баҳонаи серкорӣ ба зангҳо ва суолҳои журналистон посух намедиҳад. Журналистон ӯро дар ҷои кораш пайдо намекунанд, инчунин, ба дархости худ посух намегиранд.

Аз ҷумла, “Азия-Плюс” рӯзи 22-юми майи соил 2024 №37 баъди муроҷиати пайдарпай дар робита ба тахриби бинои меҳмонхонаи “Вахш” ба ин ниҳод дархости расмӣ равон кард, вале то ҳол посухе дарёфт накардааст.

Ҳамчунин, рӯзи 23-юми октябри соли 2023 дар робита ба пайваст шудани биноҳои нав ба Маркази барқу гармидиҳӣ мактуби расмӣ ирсол кард, вале то ҳол посух дарёфт накардааст.

Нуриддин Саид
Акс аз сомонаи novosti.tj

Суди Олии Тоҷикистон ҳам зоҳиран фаъол метобад. Вале бидуни мактуби расмӣ ба суоли журналистон посух намедиҳад. Дафтари матбуотии ин ниҳод ҳам камфаъол аст ва ҳамеша аз журналистон дархости расмӣ талаб мекунад. Вале на ҳамеша ба он саривақт ва пурра посух медиҳад.

Аз ҷумла, “Азия-Плюс” рӯзи 19-уми апрели соли 2024 №24 дар бораи ҷузъиёти парвандаи куштори Шуҳрат Исматуллоев, муовини собиқи раиси “Ориёнбонк” ба унвонии раиси Суди Олии Тоҷикистон дархости журналистӣ ирсол кард. Вале бо гузашти 1,5 моҳ ба он посух нагирифт.

Рӯзи 30-юми апрели соли 2024 №32/3 дар робита ба мавзӯи болозикр дархости такрорӣ ирсол кард. Вале инак бо гузашти як моҳ ба мактуби такрорӣ ҳам посух наомадааст.

Бояд гуфт, ки моҳи январи соли 2023 “Азия-Плюс” бо номи “Мактуб кунед...” “Пӯшидатарин” ниҳодҳои Тоҷикистон” мақола нашр кард, ки вазъи дастрасӣ ба иттилоъ аз сӯи ниҳодҳои расмиро ба таҳлил кашид. Дар он зикр мешуд, ки “Азия-Плюс” дар соли 2022 аз 46 дархости рӯзноманигорӣ ба вазорату идораҳои Тоҷикистон танҳо ба 12-тои он посух гирифту халос. Онро ҳам на дар муҳлати пешбининамудаи қонунгузорӣ, балки бо гузашти як моҳ ё бештар аз он.

Чунин менамояд, ки бархе аз мансабдорони тоҷик на фақат парвои интиқод надоранд ва дар баъзе ҳолат бо рӯзноманигорон бо лаҳни тунд суҳбат мекунанд, балки қонунписанд ҳам нестанд ва меъёрҳои онро риоя намекунанд. Ба қавле худро “шоҳу табъашонро вазир” медонанд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.