Дар Тоҷикистон ҳамаи иншооти сайёҳиро аз санҷиш гузаронида, ба “қаноатбахш”, “таъмирталаб” ва “партофташуда” тасниф мекунанд. Дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар ҳам на кам аз 5 ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад. Дар ин бора Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дод.

 

Таснифи иншооти сайёҳии Тоҷикистон

Камолиддин Муминзод дар ҷаласаи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд, ки таҳти роҳбарии муовини сарвазир Дилрабо Мансурӣ баргузор гашт, гуфт, солҳои охир шумораи субъектҳои хизматрасонии сайёҳӣ зиёд мешаванд, вале барои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ҳанӯз нокифоя аст.

Муминзод афзуд, ки дар самти сайёҳӣ барои ҷалби сармоя, бахусус дар минтақаҳо чораҳои зарурӣ андешидан лозим аст.

“Дар ин росто, гузаронидани таҳлили вазъи иншооти сайёҳӣ аз рӯи минтақаҳо, яъне вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо бо муайян кардани ҳолати онҳо -“қаноатбахш”, “таъмирталаб” ва “партофташуда” муҳим аст”, - гуфт раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ин кор барои таҳияи барномаҳои сармоягузорӣ, ҷалби сармоя ва рушди минбаъдаи инфрасохтори сайёҳӣ дар маҳал заминаи воқеъӣ мегузорад.

Бо ҳамин мақсад, аллакай аз ҷониби кумитаҳои рушди сайёҳӣ, сохтмон ва меъморӣ, вазорату идораҳои дахлдор, Агентии омор ва ҳукумати шаҳру навоҳӣ таҳлили вазъи иншооти сайёҳии кишвар оғоз гардидааст.

Камолиддин Муминзод
Asia-Plus

 

Ширкатҳои сайёҳӣ каманд

Камолиддин Муминзод дар ҷаласаи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ инчунин аз кам будани ширкатҳои сайёҳӣ дар кишвар нигаронӣ кард.

Ба гуфтаи ӯ, ҳоло дар ҳудуди ҷумҳурӣ 224 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, аз ҷумла:

  • Душанбе – 106;
  • Суғд – 45;
  • ВМКБ – 41;
  • Хатлон – 17;

Аммо раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ин баробар гуфт, ки дар 2 ноҳияи ВМКБ, дар 9 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар 5 шаҳру ноҳияҳои тобеъи ҷумҳур то ҳол ширкати саёҳӣ таъсис дода нашудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ин 34 шаҳру навоҳии кишвар ширкати саёҳӣ нестанд:

Хатлон: Левакант, Кӯлоб, Вахш, Ёвон, Восеъ, Дӯстӣ, Кӯшониён, Носири Хусрав, Панҷ, Темурмалик, Фархор, Ховалинг, Хуросон, Қубодиён, Ҳамадонӣ, Ҷайҳун, Ҷалолиддини Балхӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ;

Суғд: Ашт, Гулистон, Деваштиҷ, Зафаробод, Истиқлол, Конибодом, Кӯҳистони Мастчоҳ, Мастчоҳ ва Спитамен;

НТҶ: Нуробод, Тоҷикобод, Шаҳринав, Файзобод ва Лахш;

ВМКБ: Роштқалъа ва Ванҷ;

Камолиддин Муминзод дар ин робита мегӯяд, ки ин вазъ барои рушди соҳа, ҷалби сайёҳон ва хидматрасонӣ ба онҳо таъсири манфӣ мерасонад.

Аз ин рӯ, пешниҳод кард, ки ҳукумати шаҳру навоҳии мазкур дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои рушди сайёҳӣ, андоз ва Агентии омор на кам аз 5 ширкати сайёҳӣ таъсис диҳанд.

Аз ҷаласаи Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ
Asia-Plus

 

Интернет ва WI-FI – ду мушкили рушди сайёҳӣ

Мушкили хуб набудани суръати интернет ва WI-FI ҳам дар Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ дар самти рушди сайёҳӣ дар шаҳри Хуҷанд баррасӣ шуд.

Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ин робита гуфт, ки таъмини интернет ё WI-FI дар ҳудуди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, марказҳои маишӣ, варзишӣ, осорхонаҳо, мавзеъҳои таърихӣ, меҳмонхонаҳо ва фурудгоҳҳову вокзалҳо кифоякунанда нест.

Камолиддин Муминзод таъкид намуд, ки “васли WI-FI дар мавзеъҳои болозикри шаҳри Душанбе ва марказҳои маъмурии вилоятҳо қисман ҳалли худро ёфта, дар дигар шаҳру ноҳияҳо васл карда нашудааст”.

Муминзод дар ин робита гуфт, Хадамоти алоқаро зарур аст, ки ҳамкориро бо вазоратҳои фарҳанг ва нақлиёт, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Агентии инноватсия ва техгнологияҳои рақамӣ ва ҳукумати шаҳру навоҳӣ тақвият бахшида, ҷиҳати васл намудани интернет дар тамоми мавзеъҳои зикргардидаи кишвар  ҷораҳои зарурӣ андешад.

Бояд гуфт, мушкили суръати пасти интернет бори аввал нест, ки аз ҷониби мансабдорони тоҷик интиқод мешавад.

Қаблан президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар паёми солонаи 2022 аз сифати пасту нархи баланди интернет ва дигар мушкилоти алоқа интиқод карда, ба Хадамоти алоқа дастур дода буд, ки барои бартараф кардани он дастбакор шаванд.

Баъдан раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ва раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода ҳам аз суръати пасти интернет интиқод карда буданд.

Давоми соли 2023 роҳбари Хадамоти алоқа Бег Сабур ба як қатор шаҳру навоҳии кишвар сафар карда, ҳамзамон як силсила ҷаласаҳои корӣ низ баргузор намуд.

Аммо бо ин вуҷуд корбарон аз суръати пасту нархи баланди интернет дар кишвар шикоят доранд ва ин мавзӯъ ҳамасола дар нишасти матбуотии Хадамоти алоқа саволгузорӣ мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.