Раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар ҷаласаи пленарии ин палатаи парлумон даъват намуд, ки табибон ва омӯзгорон аз рӯйхати касбҳое, ки тариқи он шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд бо тартиби соддашуда иҷозатномаи иқомати Русия (ВНЖ)-ро гиранд, хориҷ карда шаванд. Дар ин бора хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони Русия хабар медиҳад.
“Сипас беҳтарин мактабҳои илмӣ ва омӯзгории мо мутахассисони баландихтисос тайёр мекунанд”, - чунин шарҳ додааст ӯ ин иқдомро.
Ба гуфтаи ӯ, чунин тасмим ба мақомот имкон медиҳад, ки шароити беҳтар барои табибон ва омӯзгорони дохилӣ фароҳам оваранд.
Вячеслав Володин зикр кардааст, ки ҷалби муҳоҷирон ба соҳаи тандурустӣ мувофиқи мақсад нест.
“Вақте ки мо дар бораи норасоии кадрҳо дар соҳаи тандурустӣ сухан мегӯем ва ба он умед мебандем, ки Вазорати тандурустӣ ба Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ барои ҷалби муҳоҷирон ба ин соҳа дархост пешниҳод мекунад, шояд аввал бояд ин масъаларо баррасӣ кунем. Оё ҷалби муҳоҷирон ба ин соҳа мувофиқи мақсад аст? Ё шояд бояд тамоми шароит фароҳам оварда шавад, то хатмкунандагони мо, ки танҳо 34%-ашон ба беморхонаҳо бармегарданд, ба ин касб рӯй оранд ва фаҳмем, ки чаро онҳо намераванд. Аммо Вазорати тандурустӣ дархост медиҳад, ки муҳоҷирон барои кор ҳамчун табибон ва ҳамшираҳо ба ин ҷо биёянд», — таъкид кардааст раиси Думаи давлатӣ.
Рӯзи 15 октябр Володин дастур дод, ки мавқеи Вазорати меҳнатро дар бораи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Русия дархост кунанд. Ин дастур дар доираи корҳо бобати "тартибот ҷорӣ намудан дар соҳаи муҳоҷирати ғайриқонунӣ" дода шуд.
Ба гуфтаи раиси Думаи давлатӣ, муҳоҷирон барои гирифтани иҷозатномаи иқомат (ВНЖ) аз "роҳҳои осон", мисли бастани ақди никоҳи қалбакӣ ва дигар имтиёзҳо истифода мекунанд. Дар робита ба ин, Володин аз Вазорати меҳнат дархост намуд рӯйхати касбҳоро, ки намояндагони онҳо ВНЖ-ро ба тартиби соддакардашуда мегиранд, асоснок намояд.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста