Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ истифодабарандагонро бо 1,8 млрд метри мукааб ба маблағи 87,2 млн сомонӣ бо об таъмин кардааст.
Аммо истифодабарандагони об ҳамагӣ 14% аз маблағи хидматрасонии агентиро пардохт кардаанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии рӯзи 25 июл директори Агентӣ Зафарбек Давлатзода хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки пардохти маблағи хидматрасонӣ оид ба таъмин бо об омили аслии рушди ин соҳа мебошад.
“Он ба омода кардани шабакаҳои обёрӣ ба мавсим ва таъмини истифодабарандгон бо об барои обёрӣ кумак мекунад. Дар зарфи 6 моҳ истифодабарандгони об барои хидматрасонии таъминот бо об ҳамагӣ 12,2 млн сомонӣ пардохт карданд”, - иброз дошт Давлатзода.
Роҳбари Агентӣ ҳамчунин зикр кард, ки имсол дар Тоҷикистон камбуди об барои обёрии заминҳо ба мушоҳида намерасад.
“Дар каналҳои Оқсу ва Хоҷабоқирғон дар вилояти Суғд, ки баҳор аз Қирғизистон кам об меомад, мушкил вуҷуд дошт, лекин аввали моҳи июн вазъият ба эътидол омад. Имсол дар ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон об бисёр буда, барои обёрӣ кофист”, - изҳор дошт Давлатзода.
Зимнан зикр гардид, ки обхезӣ ба эҳтимоли зиёд бо обшавии босуръати пиряхҳо рабт дорад. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ хабар доданд, ки захираи барф дар аксар ҳавзаҳои дарьёҳо 82%-и нишондиҳандаи бисёрсоларо ташкил медиҳад, ки 16% камтар нисбат ба хамин давраи соли гузашта аст.
Аз 1 январи соли 2024 истифодабарандагони об барои 1 метри мукааб оби обёрӣ барои заминҳо бо назардошти АИИ 5 дирам (пештар 2 дирам) пардохт мекунанд.
Раҳбарияти Агентӣ мегӯяд, бо назардошти болоравии тарифҳо, онҳо тадриҷан қарзҳо аз истифодаи барқро барои кори пойгоҳҳои обкашӣ кам мекунанд.
Имрӯз қарзи Агентӣ ба ширкати “Барқи тоҷик” 132,7 млн сомониро ташкил медиҳад. Соли гузашта он ба 168,4 млн сомонӣ баробар буд.
Барои дастгирии соҳа Агентӣ 4 лоиҳаи сармоягузориро амалӣ мекунад, аз ҷумла лоиҳаҳои “Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об дар вилояти Хатлон”, «Идоракунии захираҳои об дар ҳавзаи дарёи Панҷ» ва лоиҳаи “Системаи обёрии ба тағйирёбии иқлим ва офатҳои табиӣ тобовар ва навсозии заҳкашу заҳбурҳо дар ҳавзаи дарёи Вахш” ва “Такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон”.
Маблағи умумии ин лоиҳаҳо 182,3 млн долларро ташкил медиҳад. То имрӯз 66,6 млн доллар ё худ 37%-и аз нақшаи татбиқи лоиҳаҳои мазкур азхуд шудааст.
Барои беҳбуди вазъ дар соҳаи обёрӣ Агентӣ ҳамчунин аз мақомоти маҳаллӣ даъват кардааст, ки ҷиҳати сарвиақт пардохт шудани хидматрасониҳои таъминот бо об чораҷӯӣ намуда, баҳри беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо маблағ ҷудо созанд.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста