Ҳаракатовари босамар ва пурқуввати инвертории ширкати LG дар худи қалби  мошинаҳои ҷомашӯӣ, яхдонҳо, чангкашаку кондитсионерҳои LG ҷойгир аст.

LG Electronics кайҳост, ки  дар индустрияи техникаи маишӣ, махсусан дар масъалаи  истеҳсоли техникаи қулай ва аз ҷиҳати истифодаи барқ каммасраф  дар ҷаҳон пешсаф гардидааст.

Ҳаракатовари инверторие, ки  мошинаҳои ҷомашӯии LG бо он муҷаҳҳаз шудаанд, алгоритми гуногуни ҳаракатро истифода менамояд, ки натиҷаҳои беҳтарини ҷомашӯиро барои намудҳои  гуногуни матоъҳо таъмин менамоянд. Дар яхдонҳо бошад, ин ҳаракатоварҳо ҳарорати доимиро барои нигаҳдошти маҳсулот кафолат медиҳанд. Дар чангкашакҳои пешрави беноқил бошад, ин хел ҳаракатоварҳо  тавассути ба танзимдарории амалиёти вакуумӣ фарсуданашавандагиро пешгирӣ менамояд ва бо ин муҳлати истифодаи техника низ дароз мешавад. Дар ҳолати истифодаи ҳаракатовар дар кондитсионерҳо  дар бино бидуни пастубаландшавӣ  ҳарорати муътадил нигаҳ дошта мешавад.


Мошинаҳои ҷомашӯӣ

Ҳаракатовари инвертории мустақими Inverter Direct Drive Motor

Дар муқоиса  бо муҳаррикҳои муқаррарӣ, ки новобаста ба корзурӣ танҳо имконияти генератсияи сатҳҳои  муқаррариро доранд, ҳаракатовари мустақими

Inverter Direct Drive Motor  LG баромадро ба таври автоматӣ ба танзим медарорад, то масъалаи дар он ҳолат ба миён омада ҳал гардад. Ҳаракатовари мустақими аз тасмаву чарх озод, самаранокии муҳаррикро дучанд намуда, нерӯи барқро сарфакорона истифода мебарад ва дар баробари ин фарсуданашавиро таъмин менамояд.

Ин гуна механикаи соддакардашуда  сатҳи садои техникаро низ паст менамояд. Ин ҳаракатовари инқилобӣ  асоси технологияи  6 Motion Direct Drive-ро дар мошинҳои ҷомашӯии LG ташкил  менамояд ва якбора амали аз шаш Ҳаракати гуногун иборатро  истифода мебарад (Тобдиҳӣ, серобкунӣ, чархзанӣ, алвонҷдиҳӣ, дарзмолкунӣ).

Ин амалҳо дар якҷоягӣ  сиклҳои  махсуси ҷомашӯиро ташкил медиҳанд. Тавассути чандирӣ  ва мутобиқшавии ҳаракатовари инверторӣ  мошинҳои ин гуна ҳаракатовар дошта  авлотар ҳисобида мешаванд.  Тавассути  ин гуна иноватсияҳо  ширкати LG дар   бозори ҷаҳонии мошинҳои ҷомашӯӣ  дар ҷои аввал меистад.

Яхдонҳо.

Компрессори Inverter Linear Compressor

Барои нигаҳдошти сатҳи доимии  ҳавои хунук, яхдонҳои LG  ҳаракатовари инвертории  пусамари компрессори хаттиро истифода мебаранд ва дар баробари ин кафолат медиҳанд, ки маҳсулоти дохили яхдон  ҳамеша дар як ҳарорат нигаҳ дошта шавад.

Компрессори хаттии  инверторӣ ҳам миқдори ҳавои хунуки лозимиро   ва ҳам  самаранокии энергетикиро таъмин намуда, дар баробари ин садои кори техникаро  паст менамояд. Ин компрессор  ҳаракатовари  мустақими поршендорро истифода мебарад. Дар натиҷа назар ба муҳаррикҳои оддӣ,  соиш камтар мешавад. Ин навгониҳо имконият медиҳанд, ки яхдон кариб беовоз кор кунад ва ҳам  муҳлати кори яхдон низ  зиёд мегардад.

Чангкашакҳо - ҳаракатовари оқили Smart Inverter Motor™

 Чангкашакҳои беноқили LG CordZero™  бо ҳаракатовари инвертории Smart Inverter Motor™ ҷиҳозонида шуда,   ба муҳлати  дароз истифода шудани чангкашакро кафолат медиҳанд. Дар баробари ин фарсудашавиро низ пешгирӣ менамояд ва кори пурсамари чангкашак низ таъмин мегардад. Иқтидори иловагии    ҳаракатовари  инверторӣ назар ба  чангкашаки оддии қудраташ то 200 волт, имконияти пешниҳоди   то ба 93 фоиз зиёд шудани самаранокиро доро мебошад.

Ба ғайр аз ин  ҳаракатовари инвертории LG ба ҳисоби миёна  ба 28 фоиз камтар, ба 22 фоиз  сабуктар ва  ба 13 фоиз самараноктар аст назар ба муҳаррикҳои  вакуумӣ.

Кондитсионерҳо  бо  муҳаррики инвертории Inverter V

Компрессори такмилёфтаи LG BLDC барои кондитсионерҳои LG Inverter V имконият дод, ки истифодаи қувваи умумии барқро то ба 60% кам намояд. Ин технологияи нави Inverter V барои истеъмолкунандагон шароити тарутозагии ҳавои утоқро муҳайё намуда, дар баробари ин ҳам садоро паст менамояд ва ҳам маблағи истифодаи нерӯи барқро.

Муҳаррикҳои инверторӣ, ки мошинҳои ҷомашӯӣ, яхдонҳо, чангкашакҳо, кондитсионерҳои ширкати LG  бо онҳо таҷҳизонида шудаанд, бо кафолати 10 сол пешниҳод мешаванд.

«LG ҳамеша барои боз ҳам беҳтар кардани  технологияи нодири муҳаррики инвертории худ кор мебарад ва ин муҳаррикҳо   дар истифодаи пурсамару   сарфаи нерӯи барқ ва имкониятҳои барҷастаи истеҳсолотӣ дар байни тамоми номгӯи маҳсулоти техникаи маишӣ  натиҷаҳои хуб нишон доданд», -гуфт  Ҷо Сон Чжин, президент ва ҳам директори иҷрокунандаи  ширкати LG Home Appliance and Air Solution Company. - Технологияи иноватсионие, ки асоси ин муҳаррикҳоро ташкил медиҳанд, ба мо имконият дод, ки дар бозори ҷаҳонии техникаи маишӣ пешрав гардем. Мо чунин меҳисобем, ки техникаамонро   барои эҳтиёҷи истеъмолкунандагонамон  мутобиқ  гардонида,  ширкатро боз  ҳам   барои бадастории натиҷаҳои беҳтарин ба роҳ хоҳем монд».