Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯзҳои истироҳати ҳафтаи гузашта қурби расмии долларро нисбат ба асъори миллӣ - сомонӣ ба андозаи 3,6%: аз 12,96 сомонӣ барои 1 доллар то ба 12,50 сомонӣ поин бурд.
Сабабҳои ба чунин андозаи назаррас беқурбшавии асъори амарикоиро дар Бонки миллӣ ҳоло шарҳ надодаанд.
Аммо таҷриба гувоҳи он аст, ки БМТ бо дарназардошти тағйирёбии босуръати қурбҳо дар бозори асъори нақд, чунин тасҳеҳотро рӯйи даст мегирад.
Ба ин тариқ, пас аз тағйирёбии назарраси қурби расмии сомонӣ нисбати доллар дар рӯзи 9 марти соли ҷорӣ (аз 11,3 сомонӣ то ба 13 сомонӣ барои 1 доллар), дар Бонки миллӣ изҳор доштанд, ки ба ин кор маҷбур шуданд, зеро ” фарқият байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақд дар бозори ғайрирасмӣ то ба 15,9 фоиз мушоҳида гардид”.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.
Қобили зикр аст, ки нуқтаҳои бонкии мубодилаи асъори Тоҷикистон тайи ду ҳафтаи ахир аз харидани доллари амрикоӣ худдорӣ намуда, ин ҳолатро ба камбуди асъори миллӣ - сомонии нақд марбут медонанд.
Бархе бар ин назаранд, ки бонкҳо барои он аз амалиёт бо доллар худдорӣ мекунанд, ки вазъият атрофи арзиши минбаъдаи он дар Русия норӯшан аст.
Гап сари он аст, ки пули миллии Тоҷикистон бар асари вобастагии зиёди ҷумҳурӣ ба иқтисоди Русия, бо рубл хеле пайваста аст.
Амалҳои саррофони ғайриқонунӣ, ки тамоми ҳафтаи гузашта талош мекарданд, аз пасандозҳои доллари худ халос шаванд, гувоҳи ин гуфтаҳост.
Қурби хариди доллар дар бонкҳои низомсози кишвар имрӯз ба ҳисоби миёна 12,05 сомонӣ барои 1 долларро ташкил дода, лекин ивази воқеии асъор то ҳол мушкил боқӣ мемонад: долларро танҳо чанде аз нуқтаҳо ва он ҳам ба миқдори начандон зиёд қабул мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, пас аз болоравии қурби расмии рубл нисбат ба сомонӣ дар даҳаи ахири моҳи март қариб ба андозаи 15%, қурби он дар рӯзҳои истироҳат ба миқдори 1,5% (аз 150,5 сомонӣ барои 1000 рубл то ба 148,1 сомонӣ) поин рафт.
Тайи ҳафтаи сипаришуда нисбат ба сомонӣ қурби евро ба таври назаррас - ба андозаи 4% (аз 14,38 сомонӣ барои 1 евро то ба 13,80 сомонӣ) кам шуд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2025
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста