Тоҷикистон ба унвони кишваре бо рушди иқтисодии андак, ҳамчунон ба сармоягузории мустақими хориҷӣ, кумакҳои башардӯстона, грантҳои созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои шарик вобаста аст.

Таҳлили додаҳо барои солҳои 2010-2021 (маълумот барои соли 2022 ҳанӯз дастраси умум нест ва дархости расмии мо низ беҷавоб монд) дар бораи воридоти сармоягузории мустақими хориҷӣ аз ҷониби кишварҳои шарик нишон дод, ки иддаоҳо дар мавриди барои сармоягузории хориҷӣ ҷолиб будани кишвар асос надоранд. Ин ҷо сухан бештар дар бораи фазои сармоягузорӣ, монеаҳои маъмурӣ, инфрасохтори заифи сармоягузорӣ ва системаи номукаммали имтиёзҳои андозӣ меравад, на дар бораи иқтидори кишвар дар кулл.

Кишварҳои бартари сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон

Бино ба маълумоти Агентии омори назди Президенти Тоҷикистон, ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷӣ дар солҳои 2007-2021 ҳудуди 11 миллиард долларро ташкил додааст, ки 4,8 миллиард доллар сармояи мустақим, 5,7 миллиард доллар навъҳои дигари сармоягузорӣ ва 500 миллион доллар сармоягузории портфелӣ мебошад.

Сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон дар 15 соли охир аз 65 кишвари ҷаҳон сурат гирифтааст, ки саҳми Чин, Русия, Бритониё, ИМА ва Қазоқистон нисбатан зиёдтар мебошад.

Шурӯъ аз соли 2010 Чин бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Саҳми умумии сармоягузории Чин дар иқтисоди кишвар тақрибан 2 миллиарду 700 миллион долларро ташкил медиҳад, ки ин Чинро дар 11 соли ахир ба муҳимтарин сармоягузор дар Тоҷикистон таблид додааст.

Пас аз Чин дар ҷойи дуввум бо саҳми 1,2 миллиард доллар Русия қарор дорад. Бритониёи Кабир бо 671 миллион доллар, ИМА бо 577 миллион доллар ва Қазоқистон бо 149 миллион доллар мутаносибан дар мақомҳои се, чор ва панҷум ҳастанд.

Чин сармоягузори аслӣ дар иқтисоди Тоҷикистон аст. Роҳ месозад, дар бунёди лоиҳаҳои муштарак ва иншооти бузурги саноатӣ иштирок мекунад. Сармоягузории чинӣ ба бахшҳои алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, истихроҷи маъдан ва насби таҷҳизоти технологӣ равона шудааст.

Ҷолиб аст, ки афзоиши қобили мулоҳизаи вуруди сармоя аз Чин пас аз ҳалли масоили марзӣ миёни ду кишвар дар соли 2011 оғоз гардид, замоне ки 1%-и қаламрави Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоби ВМКБ ба ихтиёри “Ҳамсояи бузург” дода шуд.

Масалан, 8 июли соли 2012 дар ҷараёни сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Пекин, Чин ваъда дод, ки ҳаҷми сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистонро то ба як миллиард мерасонад. Аз он вақт инҷониб миёни ду кишвар наздикшавии бесобиқа ба мушоҳида мерасад ва сармоягузориҳо пайваста афзоиш меёбанд.

Афзоиши назарраси сармоягузории чинӣ дар соли 2016 мушоҳида шуд ва коҳиши шадид дар давраи пандемияи Ковид-19 ба амал омад. Дар соли 2021 аллакай раванди барқароршавии воридоти сармоягузориро мушоҳида карда метавонем.

 

Яке аз вижагиҳои ҷолиби сармоягузорони чинӣ дар он аст ки онҳо сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистонро авлотар медонанд, яъне ширкатҳои худро таъсис медиҳанд ва ё саҳмияҳои корхонаҳои аллакай дар ҳудуди кишвар мавҷудбударо мехаранд.

Шакли дигари сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон қарзи боимтиёз аст. Ин қарзҳо бо 2-3 фоизи солона ба муҳлати зиёда аз 20 сол пешниҳод карда мешаванд. Аммо шарти ба даст овардани онҳо ин аст, ки лоиҳаҳо бояд аз ҷониби ширкатҳои чинӣ амалӣ шаванд.

Коргарони чинӣ дар яке аз сохтмонҳои Тоҷикистон
шабакаҳои иҷтимоӣ

Барои мисол, соли 2020 ширкати роҳсозии China Road бо маблағҳои ҷудокардаи худи Чин дар қитъаи роҳи Қалъаи Хумб-Ванҷ-марзи Рӯшон корҳои муқаддамотӣ оғоз кард. Ё ин ки бозсозии қитъаҳои роҳҳо, аз қабили Душанбе-Чаноқ (400 км), Душанбе-Ваҳдат-Данғара-Кӯлоб ва нақбҳои “Шаҳристон”-у “Дӯстӣ”, “Хатлон” ва “Озодӣ” аз ҷониби ширкатҳои чинӣ бо пули ҷудокардаи Чин анҷом шудааст.

Ин схема тақрибан чунин сурат мегирад: Чин ба Тоҷикистон барои сохтмон ё барқарорсозии баъзе корхонаҳо қарзҳои имтиёзнок медиҳад, ки аз ҷониби ширкатҳои чинӣ амалӣ мешаванд. Маълум мешавад, бахше аз пули ҷудокардаи Чин ба ширкатҳои чинӣ дода мешавад, яъне ба иқтисоди худи қарздиҳанда бармегардад, дар ҳоле ки Тоҷикистон дар дарозмуддат аз “Ҳамсояи бузург” қарздор боқӣ мемонад.

Русия мавқеашро аз даст медиҳад?

Русия солҳои тӯлонӣ аз шарикони аслии иқтисодии Тоҷикистон буда, сармоягузории мустақимро ба бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон равона мекунад. Сармоягузории Русия асосан ба сохтмон, алоқа, тандурустӣ, саноати сохтмон ва энергетика равона шудааст.

Русия дар Тоҷикистон тарҳҳои мухталиф, умдатан дар бахшҳои энержӣ ва маорифро амалӣ мекунад. Масалан, сохтмони “лоиҳаи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Русия – марҳилаи аввали неругоҳи барқи обии Сангтӯда дар соли 2009 амалӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Сохтмони ин нерӯгоҳ тавлиди нерӯи барқро дар Тоҷикистон ҳашт миллион киловатт соат афзоиш дод ва барои қисман ҳал шудани мушкили камбуди нерӯи барқ ​​дар фасли тирамоҳу зимистон кумак кард.

Тарҳи дигаре, ки Русия дар Тоҷикистон амалӣ мекунад, бунёди мактабҳо бо забони русӣ дар панҷ шаҳри ҷумҳурӣ – Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода мебошад. Соли 2019 ҳукуматҳои ду кишвар дар мавриди ин сохтмон қарордоди ҳамкорӣ имзо карданд. Ҳукумати Русия барои он 150 миллион доллар ҷудо кардааст. Дар ин мактабҳо омӯзгорони рус дарс медиҳанд ва барномаи таълимӣ махсус барои Тоҷикистон мутобиқ карда шудааст.

Фаъолияти сармоягузории Русия дар Тоҷикистон авоили солҳои 2000-ум, замоне ки тарҳҳои бузург амалӣ мешуданд, фаъол буд ва қобили таваҷҷуҳ аст, ки Маскав то соли 2014 дар сармоягузории иқтисоди Тоҷикистон пешсаф буд, аммо аз соли 2015 Чин ба ин кишвар баробар шуд ва баъдан бо суръат пеш гузашт.

 

Расонаҳои Русия бо истинод ба коршиносони худ, коҳиши сармоягузории Русия ва рафтани бархе аз сармоягузоронро ба фасод, “заъфи волоияти қонун, андозҳои аз ҳад зиёд, фазои номусоиди тиҷорат” ва дигар сабабҳо рабт медиҳанд.

Ба гуфтаи Игор Лякин-Фролов, сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон, сармоягузорони рус дар Тоҷикистон “бо мушкилоти ҷиддӣ, пеш аз ҳама андозбандии аз ҳад зиёд ва зуд-зуд тағйир ёфтани қоидаҳои бозӣ” рӯбарӯ шуданд.

Раванди коҳишёбии сармоягузории Русия аз соли 2014, яъне баъди ғасби Қрим аз сӯи Русия мушоҳида мешавад. Бо эҳтимоли зиёд метавон гуфт, ки ин равандҳо ба коҳиши вуруди сармояи Русия ба Тоҷикистон таъсир гузоштаанд.

Мухталифсозии ҷараёнҳои сармоягузорӣ

Бритониёи Кабир низ яке аз сармоягузорони аслӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Афзоиши қобили мулоҳизаи сармоягузории Бритониё дар солҳои 2015 ва 2017 мушоҳида шудааст, аммо, аз соли 2017 раванди коҳиши сармоягузориҳо аз ин кишвар оғоз мешавад.

Мақомоти тоҷик интизор доранд, ки нахустин ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистону Бритониё, ки рӯзҳои 28-29 марти соли 2023 дар Лондон баргузор шуд, ба тарҳҳои муштараки ду кишвар такони нав хоҳад бахшид.

Дар доираи ин форум миёни ду кишвар 23 санади нав ба имзо расид, ки маблағи умумии онҳо беш аз 370 миллион долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Оҷонсии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармоягузории Бритониёи Кабир ба сохтмон, омӯзиши соҳаи куҳӣ-геологӣ, инчунин истихроҷи ангиштсанг, саноат ва дигар соҳаҳо равона мешавад.

 

Тамоюли шабеҳ, вобаста ба коҳиши воридоти сармоягузорӣ дар мисоли Иёлоти Муттаҳида низ мушоҳида мешавад. Таҳлили додаҳо барои солҳои 2010-2021 нишон медиҳад, ки авҷи сармоягузории ИМА ба соли 2017 рост меояд. ИМА асосан дар соҳаи коммуникатсия, истихроҷи маъдан, маориф, кишоварзӣ, тандурустӣ, таъминоти об ва сохтмон сармоягузорӣ мекунад.

Қазоқистон аз соли 2012 то соли 2015 ба иқтисоди Тоҷикистон фаъолона сармоягузорӣ карда, аз соли 2016 ин равандро бошиддат коҳиш додааст. Сармоягузориҳои Қазоқистон ба саноат, таҳқиқоти геологӣ ва маъданӣ, хадамоти молиявӣ ва тиҷорат равона шудаанд.

Қобили зикр аст, ки ин се кишвар аз нимаи дувуми солҳои 2010-ум, ки бо чанд сабаб раванди сармоягузорӣ ба бахши хусусии Тоҷикистон ба мушкил мувоҷеҳ шуд, сармоягузориро коҳиш додаанд.

Дар маҷмӯъ, сабаби коҳиши сармоягузорӣ ба назари мо, риоя нашудани як қатор шартҳо аз ҷониби Тоҷикистон мебошад. Ин шартҳо рушди ниҳодҳои демократӣ, волоияти қонун, бунёди ҷомеаи гуногунандеш ва озодии баёнро дар бар мегиранд.

Сабабҳои дигаре низ ҳастанд, ки монеи ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мешаванд. Масалан, фазои номусоиди сармоягузорӣ, монеаҳои маъмурӣ, зерсохторҳои сармоягузории тавсеанаёфта, номукаммалии низоми андозбандӣ ва имтиёзҳои андозӣ, монополияи сегментҳои бозор, фасод ва рақобати носолим.

Чӣ бояд кард?

Дар асоси ҳамаи маълумоти дар боло зикршуда оид ба сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мешавад дар маҷмӯъ ба таври зер хулоса кард:

Аввалан, ба эҳтимоли зиёд ҷумҳурии Чин дар оянда низ сармоягузори аслии иқтисоди Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд, зеро сеяки воридоти сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар солҳои 2010-2021 аз ин кишвар сурат гирифтааст. Чин дар нақши “ҳамсояи бузург” барои лоиҳаҳо ва ширкатҳои гуногуне, ки худаш роҳандозӣ мекунад ва мехарад, пул ҷудо мекунад. Яъне, Чин ба ширкатҳои худ дар қаламрави Тоҷикистон сармоягузорӣ карда, ҳамзамон Тоҷикистонро барои 20 соли оянда ба бидеҳкори худ табдил медиҳад.

Сониян, Русия, ки ҳамеша дар радар аст ва тақрибан муҳимтарин сармоягузор дар Тоҷикистон эълон мешавад, ба таври қобили мулоҳиза мавқеъашро ба Чин медиҳад. Русия аз соли 2014 ба далели таҳримҳо ва ширкат дар амалиёти низомӣ дар Украина мавқеашро дар арсаи сармоягузории Тоҷикистон аз даст медиҳад ва бо назардошти вазъи кунунӣ метавон бо итминон гуфт, ки ин раванд идома хоҳад ёфт.

Акси марбут
teletype.in

Сеюм, ба далели як қатор мушкилоти мавҷуда, воридоти сармояи хориҷӣ ба таври ночиз мутановвеъ шудааст, ки иқтисоди Тоҷикистонро ба як сармоягузори бузург вобаста мекунад. Сармоягузорони умда ба иқтисоди Тоҷикистон, аз қабили Бритониё, Амрико ва Қазоқистон, дар чанд соли ахир ҳаҷми сармоягузории худро коҳиш додаанд. Дар робита ба ин, кишварро зарур аст, ки шароити мусоид фароҳам оварад.

Чаҳорум, сарфи назар аз он ки Қирғизистон ва Узбекистон низ мушкилоти муайяни марбут ба вижагиҳои маҳаллии фазои сармоягузорӣ доранд, Тоҷикистонро зарур аст таҷрубаи ин кишварҳоро дар мавриди ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ биомӯзад, то дар оянда портфели сармоягузорони худро мутанаввеъ кунад. Масалан, ИМА, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҳиндустон метавонанд дар оянда сармоягузорони эҳтимолии иқтисоди Тоҷикистон шаванд.

Ниҳоят, Тоҷикистонро зарур аст барои гуногун сохтани сармоя ва ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ба кишвар, фазои мусоиди сармоягузорӣ эҷод кунад, аз фасод дар дохили кишвар ҷилавгирӣ кунад ва низоми андозбандиро сода гардонад. Зеро мудирияти иқтисод, ки танҳо ба сармоягузории як кишвар асос ёфтааст – дар ҳолати мо Чин – метавонад боиси вобастагӣ, пайдо шудани фишангҳои зиёди таъсиррасонӣ ва дар ниҳояти кор ба оқибатҳои гуногуни манфӣ оварда расонад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.