Дар Индекс (шохис)-и озодиҳои иқтисодӣ-2023 Тоҷикистон ба нишондиҳандаи 50,6 балл расида, дар радабандӣ зинаи 146-умро ишғол намуд.
Зикр мешавад, ки тайи соли ахир баҳо ба андозаи 0,9 балл боло рафтааст. Байни 39 давлати минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Тоҷикитсон дар зинаи 31-ум боқӣ монда, балли умумии он ҳам аз рӯи меъёрҳои ҷаҳонӣ ва ҳам минтақавӣ аз нишондиҳандаи миёна поинтар аст.
Дар радабандии соли 2023 дар рӯйхати кишварҳои иқтисодашон озод (зиёда аз 80 балл) танҳо 4 давлат қарор доранд: Сингапур (83,9 балл), Швейтсария (83,8 балл), Ирландия (82 балл) ва Тайван (80,7 балл).
Ин таҳқиқот ҳамасола аз ҷониби газетаи Wall Street Journal ва маркази таҳқиқоти Heritage Foundation гузаронида шуда, радабандӣ 184 давлатро фаро мегирад.
Ба ақидаи коршиносон, рушди иқтисодии Тоҷикистон аз аксари кишварҳои рӯ ба тараққӣ ақиб мондааст, ки ин қисман ба вобастагии зиёди он аз содироти маҳсулоти ашёи хом ва ба таври кофӣ гуногунсамт набудани иқтисод марбут аст.

Тағйирёбии доимии бозор иқтисоди онро осебпазир мегардонад. Муҳаққиқон мегӯянд, мушкили фасод ҳалношуда боқӣ монда, принсипи волоияти қонун беҳбудӣ мехоҳад ва ин ҷиҳати расидан ба дастовардҳои назарраси иқтисодӣ монеъа эҷод мекунад.
Дар таҳлил аз ҷумла зикр мешавад, ки бо вуҷуди рушди иқтисодии начандон зиёд, Тоҷикистон яке аз кишварҳои камбизоати Осиё боқӣ монда, вобастагияш аз интиқоли маблағҳои пулӣ ва қочоқи маводи мухаддир идома меёбад. Нишондиҳандаҳои ҳуқуқи моликият дар кишвар, самаранокии низоми судӣ ва фасоднопазирии ҳукумат аз сатҳи миёнаи ҷаҳонӣ пасттаранд.
Дар самти самаранокии танзими тиҷорат ва боз будани бозорҳо низ мушкилот ҷой дорад. Фаъолияти соҳибкорӣ бо сабаби дахолати давлат ва расмиётчигӣ (бюрократизм) мушкил шудааст. Дар таҳқиқот гуфта мешавад, дар муносибатҳои корӣ низ нофаҳмиҳо вуҷуд доранд.





Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста