Мададрасонҳои асосии молиявии Тоҷикистон солгардҳои ҷашнии шарикиро бо кишвар таҷлил мекунанд. Дар ин мавод доир ба кумакҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ ба ҷумҳурӣ дар солҳои соҳибистиқлолӣ маълумот гирдоварӣ намудем.

Аз чор як ҳиссаи даромади буҷети давлатӣ

Мутахассисони мустақил бар ин назаранд, ки дар баробари муҳоҷирони корӣ, ниҳодҳои байнулмилалии молиявӣ такягоҳи асосии ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар мебошанд.

Ин созмонҳо, ба ибораи одӣ, бо мақсади расонидани кумаки молӣ ба кишварҳои ниёзманди аъзои созмон тавассути саҳмҳои кишварҳои пешрафтаи узв таъсис дода шудаанд.

Сурат аз манбаъҳои боз

Ин ниҳодҳо ҳам ба қарздиҳӣ ба лоиҳаҳои давлатӣ, маблағгузории барномаҳои кумаки байналмилалӣ, таҳқиқоти илмӣ ва ҳам фаъолияти хайрия (кӯмаки ройгон) машғуланд.

Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёии рушд (БОР) аз ҷумлаи мададрасонҳои бештар бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбанд, ки ба шарикии онҳо бо ҷумҳурӣ имсол мутаносибан 30 ва 25 сол пур мешавад.

Як сол пеш аз ин 30-умин солгарди шарикӣ бо Тоҷикистонро Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) таҷлил карда буд, ки аз ҷиҳати кумаки молиявӣ ба ҷумҳурӣ пас аз ду ниҳоди дар боло зикршуда қарор дорад.

Дар солҳои истиқлолият Тоҷикистонро бо маблағгузориҳои нисбатан камтар (1 млрд доллар) Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА), Бонки исломии рушд (БИР), Бонки авруосиёии рушд (БАОР) ва IFC (узви Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ) дастгирӣ карданд.

Ҳамчунин, дар ҳаҷми начандон зиёд чунин кумакҳо аз ҷониби Бонки сармоягузории Аврупо (89,1 млн доллар), Бонки сармоягузории инфрасохтории Осиё (87,5 млн доллар) ва Фонди байнулмилалии рушди кишоварзӣ (53,1 млн доллар) ва бархе аз созмонҳои дигар ворид шудааст.

Бояд гуфт, ки пули ин созмонҳо натанҳо барои рушди соҳаҳои гуногун, бахшҳо ва самтҳои гуногуни иқтисоди кишвар кумак мекунанд. Аз ҳисоби асъори устувори аз ҷониби онҳо воридшуда қисми муайяни касри тавозуни савдои хориҷии кишвар рӯйпӯш карда мешавад.

Дар буҷети давлатии соли 2023 воридоти маблағ аз ин созмонҳо ба маблағи беш аз 8,2 млрд сомонӣ (беш аз 750 млн доллар) пешбинӣ шудааст. Ин бештар аз чорьяки (25,1 фоиз) даромади умумии ҳамёни асосии мамлакатро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла, ҳудуди 1,3 млрд сомонӣ дар шакли грант барои дастгирии буҷет ва беш аз 6,9 млрд сомонӣ грантҳо (4,6 млрд сомонӣ) ва қарзҳо (2,3 млрд) барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ дода мешавад.


Мухтасар дар бораи шарикии созмонҳои байнулмилалии молиявӣ маълумот медиҳем, ки кумаки умумии ҳар кадоме аз онҳо беш аз 100 млн долларро ташкил медиҳад. 

Бонки ҷаҳонӣ

Мададрасони бузургтарини кишвар аст, ки маблағи умумии кумакаш дар шакли грант ва қарзҳои дорои имтиёзҳои зиёд 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад. Ин маблағҳо ҷиҳати мусоидат ба таҷдиди зерсохтор, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва бисёр дигар самтҳо равона шуданд.

Айни замон ин созмон дар кишвар 26 лоиҳаро ба маблағи умумии 1,6 млрд доллар сармоягузорӣ мекунад.

Ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани дар ҷараёни сафари ахираш ба ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи кишвар омода аст. Ӯ самтҳои асосии ислоҳоти иқтисодиро, ки барои рушди кишвар муҳиманд, аз ҷумла ҷалби бештари бахши хусусӣ ба иқтисод ва таъсиси ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани самаранокии хидматрасониҳои давлатӣ ва омодагии бештари иқтисод ба тағирёбии иқлим ва офатҳои табииро зикр кард.

Бонки осиёии рушд

Дар тӯли 25 соли шарикӣ ин созмон дар бахшҳои мухталифи Тоҷикистон 180 лоиҳаро ба маблағи беш аз 2,5 млрд доллар, аз ҷумла беш аз 1,9 млрд доллар ба сифати грант амалӣ кардааст.

Тақрибан 34%-и ин кӯмакҳо ба бахши нақлиёт, 24% - ба энергетика, 12% - ба идоракунии бахши давлатӣ, 11% - ба бахши кишоварзӣ ва боқимонда - ба соҳаи тандурустӣ, маориф, молия ва инфрасохтори шаҳрҳо рост меояд.
Кумак аз БОР дар замони пандемияи коронавирус
Сурат: REUTERS

Аз соли 2018 БОР иқтисоди кишварро танҳо дар асоси грант дастгирӣ мекунад. Инро намояндагони ин ниҳод ба зиёд будани сатҳи қарзи кишвар шарҳ медиҳанд.

Чанде пеш директори генералии БОР дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ Евгений Жуков ба «Азия-Плюс» изҳор дошта буд, ки ҳукумат бозбинии шакли дастгирии молиявии ҷумҳуриро дархост дорад.

«Ҳукумати Тоҷикистон масъалаи бозбинии ин шакли кумакро ба миён гузошта, мехоҳад, ки ҷумҳурӣ натанҳо дар шакли грант, балки ба сифати қарз ҳам кумак дастрас карда тавонад», - иброз дошт Жуков.

Ӯ шарҳ дод, ки БОР дар асоси таҳлили муштараки устувории қарзи хориҷии кишвар, ки аз ҷониби Хазинаи байнулмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ таҳия мешавад, кумаки молиявӣ пешниҳод мекунад.

"Агар тамоюли кунунии коҳиши қарзи хориҷӣ нисбат ба ММД идома ёбад, дар ояндаи наздик шакли кумак бознигарӣ хоҳад шуд", - хулоса кард Жуков.

Бонки аврупоии таҷдиду рушд

Ин аввалин созмони байнулмилалии молиявӣ мебошад, ки моҳи октябри соли 1992 Тоҷикистони соҳибистиқлол ба он ҳамроҳ шуд.

Аз он замон ниҳоди мазкур дар ҷумҳурӣ 159 лоиҳаро ба маблағи 917 млн евро (зиёда аз 1 млрд доллар) сармоягузорӣ кард.

Ҳудуди 88%-и кумаки БАТР ба амалисозии лоиҳаҳои зерсохторӣ, 12% - ба дастгирии соҳаҳои саноат, савдо, тиҷорат дар бахши кишоварзӣ ва ташкилотҳои қарзӣ равона гардид.

Ниҳоди мазкур ба 5 ташкилоти қарзии кишвар сармоя гузошт, аз ҷумла ба 3 бонк (Бонки «Aрванд», Аввалин Бонки молиявии хурд, Бонки Эсхата) ва 2 ташкилоти амонатгузории қарзии хурд («Имон Интернешнл» ва «Ҳумо»).

Самтҳои асосии Стратегияи кунунии шарикии БАТР бо Тоҷикистон (то соли 2026) аз бунёди инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётии ба омилҳои беруна тобовар, навсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва тозакунии об дар шаҳрҳо, дастгирии соҳибкории хурд, соҳибкорӣ миёни занон ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ иборат аст.

Аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон мактабҳои зиёд сохта шуд
Сурат: хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Хазинаи байнулмилалии асъор

Тоҷикистон моҳи апрели соли 1992 ба узвияти ХБА пазируфта шуда, лекин ҳамкории мутақобилаи воқеӣ байни ҷонибҳо соли 1995, аз замони ифтитоҳи намояндагии Хазина дар Душанбе оғоз шуд.

Дар зарфи 28 сол ба ҷумҳурӣ ба маблағи беш аз 600 млн доллар қарзҳои имтиёзнок дода шуд, ки онҳо барои «барқарорсозии иқтисодиёти пас аз низоъ, рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, ислоҳоти сохторӣ, дастгирии тавозуни пардохт ва қурби пули миллӣ» истифода шуданд.

Муҳлати барномаи сесолаи ахири "Механизми васеи қарздиҳӣ", ки дар чаҳорчӯби он ХБА ба Тоҷикистон ба маблағи беш аз 160 млн доллар қарзи имтиёзнок ҷудо кард, моҳи июли соли 2012 ба охир расид.

Музокирот оид ба пешниҳоди қарзи имтиёзнок ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи нави ХБА чанд сол боз идома дорад. Дар ибтидо ҷумҳурӣ дар чаҳорчӯби барномаи нав ният дошт, ки дар ҳаҷми 500 млн доллар қарзи имтиёзнок ҷалб кунад. Баъдан ҳудуди 300 млн доллар зикр шуд.

Рӯзи 6 майи соли гузашта Шӯрои иҷроияи ХБА дар чаҳорчӯби Барномаи қарзии фаврӣ пешниҳоди 189,5 млн долларро ба Тоҷикистон тасдиқ кард.

Ин маблағҳо барои қонеъ кардани талаботи таъҷилӣ ҷиҳати маблағгузорӣ ба тавозуни пардохт ва ниёзҳои буҷети марбут ба пандемияи COVID-19 истифода мешаванд.

Бонки исломии рушд

Аз ҷониби Гурӯҳи Бонки исломии рушд 86 лоиҳа ба маблағи 641 млн доллар дар соҳа ва бахшҳои гуногун маблағгузорӣ шуд. Сандуқи кунунии Бонк аз 23 лоиҳа ба маблағи 285 млн доллар иборат аст.

Ҳаҷми умумии қарзи Тоҷикистон ба БОР то аввали соли ҷорӣ тибқи маълумоти Вазорати молияи Тоҷикистон, 184 млн долларро ташкил медиҳад.

Бино ба маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, моҳи майи соли равон раҳбарияти ин ниҳод дар бораи ҷудо кардани “450 млн доллар барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон” хабар дод. Аз ҷумла, ба идомаи сохтмони неругоҳи барқи обии “Роғун” равона гардидани 150 млн доллар ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин маблағгузорӣ ба лоиҳаҳои сохтмони роҳҳо ва муассисаҳои таълимӣ, дастгирии бахши кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва марказҳои логистикӣ, истеҳсоли маҳсулот бо тамғаи “ҳалол”, тақвияти имконоти бахши хусусӣ ва ғайра дар назар аст.

Бонки авруосиёии рушд

Тоҷикистон соли 2009 узви ин ташкилот шуд. Дар тӯли ин солҳо аз ҷониби сохторҳои он дар бахшҳои мухталифи иқтисоди кишвар 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн доллар амалӣ шуд.

Ин маблаҳо ҷиҳати дастгирии хароҷоти иҷтимоии буҷет, барқарор намудани неругоҳи барқи обии “Норак”,  рушди соҳаи тандурустӣ ва ғайра сарф карда шуданд.

Аввали моҳи июни соли ҷорӣ дар бораи ҷудо кардани 650 млн доллар дар давраи солҳои 2023-2026 барои амалисозии лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон хабар дода шуд.

Интизор меравад, ки ин маблағ барои рушди иқтисоди сабз, саноатикунонӣ, тақвияти иқтидори содиротии кишвар, рушди иқтисодиёти рақамӣ ва бахшҳои иҷтимоӣ равона мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.