Бонки аврупоии сармоягузорӣ бо ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ба маблағи 1,47 млрд евро Ёддошти тафоҳум ба имзо расонид, ки дар он бунёди долони мултимодалии нақлиётии фаромарзии Хазар пешбинӣ мешавад. Тариқи он пайваст кардани Аврупо бо Осиёи Марказӣ дар назар аст. Тоҷикистон аз имзои қарордоди пешакии мазкур худдорӣ варзид.

Тавре ки вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим рӯзи 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита хабар дод, маросими имзои Ёддошт охири моҳи январ дар Брюсссел зимни кори Форуми сармоягузорон оид ба долони нақлиётии Иттиҳоди Аврупо (ИА) - Осиёи Марказӣ (ОМ) дар чаҳорчӯби стратегияи ИА «Global Gateway» баргузор шуд.

Дар доираи форуми серӯза ниҳодҳои молиявии аврупоӣ ва байнулмилалӣ таҳти кафолати Комисияи Аврупо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати “рушди алоқаи устувори нақлиётӣ байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ” 10 млрд евро маблағгузорӣ пешниҳод карданд.

"Ҳамлаи Русия ба Украина зарурати фаврии ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативии боэътимод ва муассири тиҷоратии байни Аврупо ва Осиёро бидуни убури қаламрави Русия таъкид кард", - изҳор намуд иҷрокунандаи вазифаи ноиби президенти Комиссияи Аврупо Валдис Домбровскис.

Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ зикр кард, ки Тоҷикистон аз имзои қарордоди пешакӣ оид ба долони нақлиётии зикршуда худдорӣ варзид ва изҳор дошт, ки ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёт ва мувофиқи мақсад будани ҷалби қарзҳоро мавриди омӯзиш қарор додааст.

“Мо изҳор кардем, ки шартҳои пешниҳоди ин қарзҳоро омӯхтан лозим аст”, - иброз дошт вазир.

Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон ба дастрас намудани қарзҳои имтиёзнокиашон баланд манфиатдор аст, “то ки баъдан дар баргардонидани онҳо мушкиле пеш наояд”.

Долони нақлиётии фаромарзии Хазар

Дар назар аст, ки долони мултимодаии мазкур кишварҳои Осиёи Марказиро бо Аврупо тариқи қаламрави Қафқоз ва Туркия пайваст мекунад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.