Мувофиқи фармони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шумори квотаҳои муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ дар соли 2024 муқаррар карда шуд.
Фармони мазкур дар портали иттилооти ҳуқуқии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ нашр шуда, гуфта мешавад, он “бо мақсади ташкил ва танзими ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ” қабул шудааст.
Дар фармон дастур дода мешавад, ки квотаи муҳоҷирати хориҷӣ ва ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Тоҷикистон барои соли 2024 бо шумораи 6500 нафар муқаррар карда шавад. Ин нисбат ба квотаҳои соли 2023, ки он низ бо фармони президент муқаррар шуда буд, 1000 адад камтар аст.
“Шаҳрвандони хориҷие, ки фаъолияти меҳнатиро дар лоиҳаҳои афзалиятнок ва созишномаҳои сармоягузории соҳаҳо дар асоси санадҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ амалӣ менамоянд, ба квотаи мазкур дохил намешаванд”, - шарҳ дода мешавад дар фармон.
Дар замимаҳо ба фармон зикр мегардад, ки 4440 квота (68,3% аз шумори умумӣ) барои шаҳрвандони Чин пешбинӣ шудаанд.
Квотаҳои боқимонда ба шаҳрвандони кишварҳои зерин ҷудо шудаанд:
- Афғонистон – 400;
- Эрон – 350;
- Ҳиндустон – 300;
- Туркия - 200;
- Ӯзбекистон – 150;
- Қазоқистон – 100;
- Покистон – 100;
- Русия – 100;
- Қирғизистон – 50;
Ба дигар кишварҳо – 310.
Тибқи ин фармон, ҳудуди сеяк (2000 квота)-и хориҷиён ба кор дар Душанбе, 900 - дар Ноҳияҳои тобеи марказ, 880 - дар вилояти Суғд, 600 - дар вилояти Хатлон ва 60 - дар ВМКБ ҳуқуқ доранд.
Квотаҳо барои кори хориҷиён дар соҳа ва бахшҳои зерини иқтисоди Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд:
- истеҳсолоти саноатӣ - 2610;
- сохтмон - 2270;
- тиҷорат - 290;
- кишоварзӣ - 160;
- энергетика – 145;
- маориф - 85;
- геология - 75;
- хӯроки умумӣ - 70;
- Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва хидматрасонии маишӣ – 65;
- алоқа – 50;
- тандурустӣ - 50;
- нақлиёт - 40;
- варзиш - 25;
- соҳаҳои дигар - 565.