Арзиши 1 литр гази моеъ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе давоми ду ҳафтаи охир аз 8 сомонву 20 дирам то 7 сомониву 30 дирам поин омадааст.
Дар Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби поин шудани нархи газ бекор шудани маҳдудиятҳо ва ба охир расидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи гази моеъ дар фасли тобистон мебошад.
“Воридот аз ҳисоби гармӣ камтар шуда буд ва ҳоло, ки гармӣ баланд нест воридоти гази моеъ низ бештар гардид. Ҳамчунин дар бархе аз корхонаҳо корҳои бехатарӣ ба анҷом расид. Ду маротиба арзиши гази моеъ поин омад, аввал 7,70 буд ки 7,50 шуд ва аз дирӯз инҷониб 7,30 сомонӣ муайян шудааст”,- гуфтанд дар вазорат.
Нуқтаҳои фурӯши гази моеъ дар пойтахти кишвар ду ҳафта қабл ба фурӯши шабонарӯзии гази моеъ, оғоз карданд.

То ин вақт фурӯши чаканаи гази моеъ рӯзона боздошта мешуд ва Вазорати энергетика инро ба ҳарорати баланди ҳаво рабт дода буд.
Бояд гуфт, ки аз оғози нимсолаи дуюми соли равон арзиши гази моеъ - аз 5,80 сомонӣ то 8,30 сомонӣ барои 1 литр (афзоиш ба андозаи 43,1%) боло рафт.
Тибқи маълумоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, дар 6 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон 195,5 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 12,3 ҳазор тонна камтар аст.
Бояд гуфт, ки ҳудуди 60%-и автомобилҳо дар Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мебаранд, ки нисбат ба бензин ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) арзонтар мебошад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста