Имрӯз рушди интиқоли дохилии пул ва суръати пардохтҳо ба яке аз самтҳои асосии рушди иқтисодиёт дар сатҳи кишвар ва минтақаҳо табдил ёфтааст. Раванди рақамисозӣ дар Тоҷикистон босуръат пеш меравад. Роҳандозии технологияҳои нав, аз ҷумла ҷорӣ намудани интиқоли фаврии пулӣ, дар рушди бозори молиявии кишвар нақши муҳим мебозад.
Имсол дар доираи стратегияи беҳтар намудани таҷрибаи мизоҷон, Visa дар ҳамкорӣ бо Алиф Бонк ва Ҳумо аввалин хидмати интиқоли пул тавассути рақами телефонро дар Тоҷикистон дар платформаи Visa Direct ба роҳ монд.
Хидматгузории нав имкон медиҳад, ки интиқоли пул танҳо бо истифодаи рақами телефони қабулкунанда анҷом дода шавад. Акнун зарурате барои азёд ва ворид кардани рақамҳои дарози суратҳисобҳо ва маълумоти кортҳои бонкӣ нест. Дар бораи хусусиятҳо ва бартариҳои интиқоли пул тавассути рақами телефон мо бо Санҷар Сулаймонов, роҳбари самти Visa Direct дар Украина, Гурҷистон, кишварҳои ИДМ ва Аврупои Ҷанубу Шарқӣ, суҳбат кардем.
Бартариҳои интиқоли пул тавассути рақами телефон
"Низоми пардохтҳо дар Тоҷикистон босуръат рушд мекунад ва мо шодем, ки қисми ин раванд ҳастем. Бо ҷорӣ намудани технологияҳои нав амалиётҳои рақамӣ зуд, қулай ва, аз ҳама муҳимаш, бехатар мегарданд. Интиқоли пул тавассути рақами телефон роҳи содда ва қулайи ирсол кардани пул ба дӯстон, хешовандон ё шиносон мебошад. Табиист, ки бисёриҳо рақами корт ё IBAN-и бонкро дар ёд надоранд. Аз ин рӯ, мо раванди интиқолро боз ҳам соддатар кардем ва имконияти фиристодани пулро бо ворид кардани рақами телефони шахси зарурӣ ё ҷустуҷӯи номи ӯ дар рӯйхати тамосҳо фароҳам овардем", — зикр намуд Санҷар Сулаймонов.
Бо хидматрасонии нави интиқоли пул тавассути рақами телефон, мизоҷони Алиф ва Ҳумо метавонанд пулро ба Ӯзбекистон, Қазоқистон, Арманистон, Украина, Молдова ва дигар кишварҳо ирсол намоянд.
Интиқоли пул тавассути рақами телефон бо истифода аз Visa Direct анҷом меёбад — ин платформае мебошад, ки ба муассисаҳои молиявӣ имконияти расонидани хидматгузориҳои интиқоли пулӣ ҳам барои соҳибкорон ва ҳам барои шахсони инфиродиро фароҳам меорад.
Бо ин роҳ пулро ба зиёда аз 190 бозор бо 160 асъор ба кортҳо, суратҳисобҳо ва ҳамёнҳои рақамӣ осон интиқол додан мумкин аст. Афзалиятҳои асосии ин технология: осон, босуръат, бехатар.
"Муассисаҳои молиявӣ ба Visa Direct такя мекунанд, ки ба мизоҷони худ пардохтҳоро дар реҷаи вақти воқеӣ пешниҳод менамояд. Шабакаи Visa ба истеъмолкунандагон, корхонаҳо ва муассисаҳои молиявӣ имкон медиҳад, ки ба зиёда аз 5 миллиард корт ва суратҳисобҳо дар саросари ҷаҳон пул фиристанд ва қабул кунанд", — таъкид намуд Санҷар Сулаймонов.
Чӣ гуна бояд интиқолҳоро анҷом дод?
- Барои интиқоли пул тавассути рақами телефон:
- Ба барномаи мобилии бонки худ ворид шавед.
- Қисмати «Интиқоли пул тавассути рақами телефон»-ро пайдо кунед.
- Рақами заруриро интихоб ё ворид кунед.
- Маблағи заруриро ворид намоед.
- Интиқолро тасдиқ кунед.
Барои қабули интиқол, ба қисми «Интиқоли пул тавассути рақами телефон» дар барномаи мобилии бонки худ ворид шавед. Имконияти қабули интиқолҳоро тавассути рақами телефон фаъол кунед ва кортро интихоб намоед, танзимотро ҳатман сабт кунед.