Мафҳуми пардохти ҳадди ақалл (минималӣ)-и иҷораи авмоли ғайриманқул дар қонунгузории Тоҷикистон аз 1 январи соли 2023 амал мекунад. Иҷорагирон бар ин назаранд, ки қарори қабулшудаи мақомот ба болоравии бе ин ҳам баланди маблағи пардохти иҷора боис мегардад.
Ҳадди ақалли иҷорапулии як метри мураббаи объектҳои ғайриманқул дар Буҷети давлатии кишвар барои соли 2025 ба андозаи зерин муқаррар карда шудааст:
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки ҳамчун иншоот (биноҳо)-и истиқоматӣ, инчунин биноҳои ёрирасони онҳо истифода мешаванд - 20%-и нишондиҳанда барои ҳисоб;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти истеҳсолӣ истифода мешаванд - 30%;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани фаъолияти савдо, ташкили нуқтаҳои хӯроки умумӣ, дигар намудҳои хизматрасонӣ ва иҷрои корҳо истифода мешаванд - 60%;
- барои объектҳои ғайриманқуле, ки бо мақсади амалӣ намудани дигар намудҳои фаъолият истифода мешаванд - 45%.
Андозаи 1 нишондиҳанда барои ҳисоб дар Буҷети давлатии соли 2025 ба миқдори 4,2% - аз 72 то 75 сомонӣ зиёд мешавад.
Мутаносибан, маблағи иҷораи ҳар як метри мукааби бинои истиқоматӣ аз 1 январ набояд аз 15 сомонӣ (қаблан - 14,4 сомонӣ), иншооти истеҳсолӣ - 22,5 сомонӣ (қаблан - 21,6), объектҳои савдо ва хӯроки умумӣ - 45 сомонӣ (қаблан - 43,2) ва объектҳои таъиноти дигари навъҳои гуногуни фаъолият - 33,75 сомонӣ (қаблан - 32,4) камтар бошад.
Вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии объектҳои ғайриманқул дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ коэффитсиентҳои минтақавӣ истифода мешаванд, ки аз ҷониби Кумитаи андоз муайян карда мешаванд.
Ҳадди ақалли иҷорапулӣ дар Душанбе (коэффитсиенти 1) бетағйир боқӣ монда, дар дигар қаламравҳои кишвар вобаста ба коэффитсиентҳо, аз 20% то 90% коҳиш меёбад.
Масалан, коэффитсиенти шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб ба андозаи 0,8 муқаррар шудааст. Мутаносибан, ҳадди ақалли иҷорапулӣ, масалан барои ҳар як метри манзил дар ин шаҳрҳо 12 сомониро ташкил медиҳад, ки 20% камтар нисбат ба Душанбе аст.
Барои мустақилона муайян кардани иҷорапулӣ дар шаҳр ё ноҳияи мушаххас коэффитсиенти ин ноҳияро ба ҳадди ақалли муқарраршудаи иҷорапулии умумиҷумҳуриявии объекти ин ё он гуна таъинот зарб задан лозим аст.
Баъдан вобаста ба макони ҷойгиршавии амволи ғайриманқул, дар буҷет коэффитсиентҳои зерини меъёрӣ пешбинӣ мешаванд:
- ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо - 1,0;
- ҳудуди шаҳраку деҳот - 0,8;
- мавзеъҳои дигари берун аз ҳудуди кӯчаҳои марказӣ, марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот - 0,6.
Ба ин тариқ, иҷорапулии ҳадди ақалл дар ҳудуди кӯчаҳои марказӣ ва марказҳои маъмурии шаҳру ноҳияҳо бетағйир (коэффитсиент - 1) боқӣ мемонад.
Барои муайян кардани арзиши ниҳоии иҷорапулӣ андозаи ҳадди ақалли пардохти 1 метри муррабаъи амволи ғайриманқули ин ё он шаҳру ноҳияро ба коэффитсиенти меъёрӣ зарб задан лозим аст.
Ин ба кӣ лозим аст?
Мафҳуми ҳадди ақалли пардохти иҷорапулӣ барои амволи ғайриманқул аз 1 январи соли 2023 дар қонунгузории Тоҷикистон дарҷ шудааст.
Зарурати навгонии мазкурро дар Кумитаи андоз ва Вазорати молия ба “Азия-Плюс” чунин шарҳ доданд, ки иҷорадиҳандагон дар шартномаҳои худ бо иҷорагирон арзиши ҳақиқии муомилотро пинҳон нигоҳ медоранд, то андозро камтар пардохт кунанд.
Ҳадди ақалли пардохти иҷорапулӣ танҳо барои амволи хусусӣ (манзил ва дигар иншоот) муқаррар мешавад, зеро ҳамаи масъалаҳои марбут ба иҷораи амволи давлатӣ кайҳост, ки аз ҷониби қонун “Дар бораи иҷора дар Тоҷикистон” танзим мешаванд.
Агар ба таври соддатар гӯем, акнун шахсони хусусӣ наметавонанд молу мулки худро бо нархи камтар аз сатҳи муқаррарнамудаи давлат ба иҷора диҳанд, вале барои нархи баландтарин ҳеҷ гуна маҳдудиятҳо пешбинӣ нашудааст.
Навовариҳои соли гузашта ба норозигии соҳибони молу мулк ва иҷорагирон боис шуданд. Онҳо бар ин назаранд, ки мақомоти давлатӣ аксар вақт бо баҳонаи "беинсофии андозсупорандагон" тағйироти ғайриқобили қабулро дар қонунгузорӣ ворид мекунанд.
Онҳо ба вуҷуд доштани чунин одамон байни моликони амволи ғайриманқул шубҳа надоранд, аммо чунин мешуморанд, ки ба ҳама дар як сатҳ баҳо додан хато аст.
Иҷорагирон аз он норозиянд, ки тасмими қабулшудаи мақомоти давлатӣ ба болоравии бе ин ҳам баланди нархи иҷорапулӣ боис мегардад.
Дар ҳамин ҳол, ба ақидаи коршиносони мустақил, дахолати давлат дар ташаккули нархи бозори иҷора барои амволи хусусӣ ғайриқобили қабул аст.
Онҳо таъкид мекунанд, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ, давлат хоҳиш надорад, ки муайян кардани арзиши моликияти хусусиро ба дӯши худ гирад, зеро ин масъалаҳо бояд тавассути бозор тариқи талабот ва пешниҳод ҳал шаванд.
"Дахолат кардани давлат метавонад ба “зери соя” рафтани як қисмати корхонаҳо боис гардад", — хулоса мекунанд коршиносон.