Ҳайати Фонди Саудии рушд (SFD) таҳти роҳбарии Муҳаммад ал-Масъуд бо сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.
Ҳадаф аз сафар баррасии ҷараёни пешниҳоди қарзи имтиёзнок барои сохтмони роҳ дар Кӯлоб дар доираи ҳамкории мутақобила байни SFD ва Вазорати молияи ҷумҳурӣ унвон мешавад. Дар ин бора дар иттилоияи нашршудаи сафорати Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон хабар дода мешавад.
Ин ҷо сари бунёди “Роҳи ҳалқавии Кӯлоб” сухан меравад, ки SFD барои сохтмони он дар ҳаҷми 30 млн доллар қарзи имтиёзнок ҷудо мекунад.
“Масофаи роҳ 14,5 километрро ташкил дода, дар беҳбуди зерсохтори нақлиёт, таъмини ҳаракати мусофирон ва боркашонӣ нақши муҳим хоҳад дошт”, - зикр мешавад дар иттилоия.

Ғайр аз ин, амалисозии лоиҳа сатҳи пайвастагии нақлиётиро, ки ба талаботи муосир мутобиқ аст, баланд бардошта, ба рушди транзити байналмилалӣ мусоидат мекунад. Он кишварҳои Осиёи Марказиро бо Чин ва давлатҳои дигар мепайвандад.
“Дар лоиҳа сохтмони ду шоҳроҳ, ду пул, истгоҳи тарозу барои баркашидани бори нақлиёт ва таъминот бо техникаи роҳ пешбинӣ шудааст”, - хабар медиҳад сафорат.
Қобили зикр аст, ки бо татбиқи лоиҳаи мазкур шумори ташаббусҳои SFD дар Тоҷикистон ба 14 адад расида, ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 325 млн долларро ташкил медиҳад.
“Гуфт, занҳоро назанед, куҷое хоҳед имзо мекунам”. Шикояти пайвандони яке аз муттаҳамони куштори оилаҳо дар Конибодом
Дар Душанбе беҳтарин мураббӣ, омӯзгор, табиб ва беморхонаву боғи фарҳангиро муайн карданд
“Шарҳре, ки дӯст медорем”. Андешаи сокинон дар бораи Душанбе
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста