Низоми андозбандии амволи ғайриманқули манзил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ як қатор фарқиятҳо доранд, ки муқоисаи мустақими онҳоро душвор месозад. Бо вуҷуди ин, дар бораи сарбории андоз аз манзил дар шаҳрҳои бузурги минтақа метавон тасаввуроти умумӣ ҳосил кард.
Душанбе
Андоз аз манзил дар Тоҷикистон вобаста ба масоҳат (метри мураббаъ) бо фоизҳо аз нишондиҳанда барои ҳисоб (НБҲ) бо назардошти коэффисиентҳои минтақавӣ, ки барои ҳар як шаҳру навоҳӣ муқаррар карда шудааст, ситонида мешавад.
Мувофиқи Кодекси андози амалкунанда, меъёрҳои андоз аз манзил чунинанд:
- то 90 метри мураббаъ (м. мб)– 3% аз НБҲ барои 1 м. мб;
- аз 90 то 200 м. мб – 4%;
- зиёда аз 200 м. мб – 6%.
Дар соли 2025 НБҲ дар буҷети давлатӣ 75 сомонӣ муқаррар шуда, коэффисиенти минтақавӣ барои шаҳри Душанбе тибқи Кодекси андоз ба 1 баробар аст.

Ба ин тариқ, меъёри андоз барои 1 метри мураббаъи манзил дар Душанбе чунин аст:
- бо масоҳати то 90 м. мб – 2,25 сомонӣ (3% аз 75);
- аз 90 то 200 м. мб – 3 сомонӣ (4% аз 75);
- зиёда аз 200 м. мб – 4,5 сомонӣ (6% аз 75).
Намунаи ҳисоб: масоҳати 100 м.мб-и манзил дар Душанбе:
90 м. мб × 2,25 сомонӣ (бо меъёри 3% аз НБҲ) × 1 (коэффисиенти минтақавӣ) = 202,5 сомонӣ
10 м. мб ×3 сомонӣ (бо меъёри 4% аз НБҲ) × 1 (коэффисиенти минтақавӣ) = 30 сомонӣ;
202,5+30=232,5 сомонӣ (23 доллар).
Бишкек
Дар Қирғизистон аз аввали соли 2025 барои ҳисоб кардани маблағи андоз (А) аз биноҳо ва манзилҳо формулаи нав ҷорӣ шудааст, ки бо зарби заминаи андозбандишаванда (ЗА) ба меъёри собит (сом барои ҳар метри мураббаъ) ҳисоб карда мешавад.
А = ЗА × М, ки дар он:
А – маблағи андоз;
ЗА – масоҳати андозбандишаванда (бо назардошти имтиёзҳо);
М – меъёри андоз (сом/метри мураббаъ).
Мувофиқи Кодекси андози Қирғизистон, меъёри андоз дар се сол як маротиба бо кенешҳои маҳаллӣ тасдиқ карда мешавад. Меъёри ҳадди ниҳоӣ барои 1 м. мб набояд аз 100 сом зиёд бошад.

Ҳудуди имтиёзнок барои озод кардан аз андоз баробар аст ба:
- барои манзилҳо – то 80 м. мб;
-барои манзилҳои хусусӣ – то 150 м. мб.
Намунаи ҳисоб:
Дар Бишкек бо меъёри 75 сом андоз ба манзили масоҳаташ 100 метри мураббаъ (бо назардошти масоҳати имтиёзноки 80 м. мб) баробар аст ба:
Андоз: 20 м. мб × 75 сом = 1500 сом (17,2 доллар).
Андоз аз манзил дар Қирғизистон як бор дар як сол, на дертар аз 1 сентябри давраи ҷории андозӣ пардохт карда мешавад.
Тошканд
Дар Ӯзбекистон андоз аз биноҳои истиқоматӣ бар асоси арзиши кадастрӣ бо истифода аз меъёрҳои муқаррарӣ ҳисоб карда мешавад.
Кадастри давлатӣ як бор дар муҳлати якчанд сол бо назардошти мавқеи ҷогйиршавӣ, сифати сохтмон ва дигар нишондиҳандаҳо иншоотро баҳогузорӣ мекунад. Маҳз ҳамин баҳо барои ҳисоби андоз истифода мешавад.
Меъёри андоз аз амволи ғайриманқул ба масоҳат, навъи иншоот ва мавқеи ҷойгиршавии он вобаста аст. Аз соли 2025 меъёрҳо дар стаҳи зерин муқаррар шудаанд:
- барои манзили масоҳаташ то 200 м. мб — 0,34% аз арзши кадастрӣ;
- аз 200 то 500 м мб – 0,45%;
- зиёда аз 500 м. мб – 0,6%.

Барои ҳисоби маблағи андоз аз манзил ё дигар амволи ғайриманқул арзиши кадастрии онро донистан лозим аст. Ин маълумот дар кабинети шахсии андозсупоранда дар сомонаи my.soliq.uz дастрас аст.
Ҳисоб тариқи зайл гузаронида мешавад:
- арзиши кадастрии иншооти ғайриманқул гирифта мешавад;
- ба меъёри андоз зарб мешавад;
- маблағи ҳосилшуда – андози солона.
Арзиши ҳадди ақалл (минималӣ)-и кадастрӣ барои 1 метри мураббаъ дар Тошканд дар сатҳи 3,3 млн сӯм муқаррар шудааст.
Мисоли ҳисоб барои хонаи масоҳаташ 100 м. мб дар Тошканд бар асоси арзиши ҳадди ақалли кадастрӣ:
100 м. мб × 3,3 млн сӯм = 330 млн сӯм;
Андоз: 330 млн сӯм × 0,34% (меъёр барои манзили то 200 м. мб) = 1 млн 122 ҳазор сӯм (ҳудуди 87,4 доллар).
Алмато ва Остона
Андоз аз манзил дар Қазоқистон ба мисли Ӯзбекистон бар асоси арзиши кадастрӣ ҳисоб мешавад, ки бо назардошти нархи заминавии 1 м. мб ва як қатор коэффисиентҳо ба вуҷуд меояд.
Аз арзиши кадастрии манзили худ андозсупорандагон метавонанд тариқи кабинети шахсии худ дар Портали ҳукумати электронӣ (egov.kz) огаҳӣ ёбанд.
Соли 2025 арзиши заминавии 1 м. мб-и манзил дар Алмато ва Остона 60 000 тангаро ташкил медиҳад.
Барои ҳисоб истифода мешавад аз:
- фарсудашавии ҷисмонӣ (ба ҳисоби миёна – 20%);
- коэффисиенти минтақа (Алмато – 1,46; Остона – 1,30);
- коэффисиенти тағйиринишондиҳанаи ҳисоби моҳона (дар соли 2025 – 1,06).
Меъёри андоз барои амволи шахсони воқеӣ:
то 2 млн танга – 0,05%;
аз 2 то 5 млн танга – 0,1%;
зиёда аз 5 млн танга – 0,15%.
Ба ин тариқ, арзиши кадастрии 1 метри мураббаъи манзил дар Алмато тақрибан ҳудуди 74 150 танга ва дар Остона - ҳудуди 66 240 тангаро ташкил медиҳад.

Барои манзили масоҳаташ 100 м.м арзиши умумии кадастрӣ дар Алмато ба тақрибан 7,4 млн танга ва Остона - 6,6 млн танга баробар аст.
Бо меъёри 0,15% будани андоз аз амвол барои иншоот бо арзиши кадастрии зиёда аз 5 млн танга, андози солона ба ин манзил дар Алмато ҳудуди 11 123 танга (ҳудуди 21,8 доллар) ва дар Остона - 9 936 танга (19,4 доллар)-ро ташкил медиҳад.
Дар Қазоқистон андоз аз амволи ғайриманқул як маротиба дар як сол, то 1 октябри соли минбаъда баъд аз соли ҳисоботӣ пардохт мешавад.
Чӣ натиҷа ҳосил шуд?
Тавре ки мебинем, андоз аз манзил дар кишварҳои минтақа вобаста ба усулҳои ҳисоб ва ҳаҷми меъёрҳо фарқияти назаррас дорад.
Сарбории зиёдтари андоз аз манзил дар Тошканд аст: ҳудуди 87 доллар барои 100 м. мб, зеро андоз аз арзиши кадастрӣ бо меъёрҳои баланд ҳисоб мешавад.
Камтарин сарбории андоз аз манзил дар Бишкек ба қайд гирифта шудааст - тақрибан 17 доллар барои 100 м. мб, зеро дар Қирғизистон имтиёзҳо ба назар гирифта шуда, меъёри сабтгардида истифода мешавад.
Дар Душанбе барои 100 м. мб андози мазкур ҳудуди 29 долларро ташкил медиҳад, ки аз нишондиҳандаи муқарраршуда бо назардошти масоҳат ҳисоб мешавад.
Дар Қазоқистон (Алмато ва остона) низ андоз начандон баланд аст (ба ҳисоби миёна 20 доллар барои 100 м. мб).
Маълумоти расмӣ дар бораи андоз аз амволи ғайриманқули шахсони воқеӣ дар Туркманистон дар дастрасии кушод нест.







