Бонки авруосиёии рушд (БАОР) гузоришеро таҳти унвони “Ояндаи маблағгузории исломӣ дар Осиёи Марказӣ” нашр кард. Дар он гуфта мешавад, ки то соли 2028 Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и умумии минтақа ба 675 млрд доллар мерасад.
То соли 2028 ҳаҷми умумии дороиҳои исломии бонкҳои Тоҷикистон ба 132 млн доллар ва то соли 2033 - ба 562 млн доллар мерасанд. Ҳаҷми вомбаргҳо (сукук) то 57 млн доллар дар соли 2028 ва то 155 млн доллар дар соли 2033 меафзояд.
Дар гузориши нав имконоти маблағгузории исломӣ ҳамчун омили рушди устувори иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мешавад.
Бо 699 млн доллар (0,01 аз ҷаҳонӣ)-и ҳаҷми дороиҳо дар айни замон, саҳми минтақа ҳоло бузург нест. Лекин бо 85% мусалмон будани аҳолӣ талабот ва имконот зиёданд.
Дар гузориш гуфта мешавад, дар минтақа аллакай бонкҳои исломӣ, ширкатҳои суғурта (такаффул), ташкилотҳои молиявӣ ва техникӣ ва ширкатҳои сармоягузорӣ кор мекунанд.
Дар минтақа Қазоқистон пешсаф аст: дар радабандии глобалии рушди маблағгузории исломӣ кишвар зинаи 19-ум, Қирғизистон - 32-юм, Ӯзбекистон - 63-юм, Тоҷикистон - 82-юм ва Туркманистон - 111-умро касб кардаанд.
Пешгӯиҳо то соли 2033 мусбат аст: аз афзоиши дороиҳои исломии бонкҳо то 6,3 млрд ва дороиҳои вомбаргҳо - то 5,6 млрд доллар интизорӣ меравад.
Роҳи ташкили бозори исломии молиявӣ дар Тоҷикистон
Дар роҳи рушди маблағгузории исломӣ марҳилаи муҳим барои Тоҷикистон узвият ба Бонки исломии рушд (БИР) дар соли 1996 шуд. Маҳз аз ҳамон замон ниҳодисозии модели исломии молиявӣ дар доираи иқтисоди миллӣ оғоз гардид.
Дар гузориш бо истинод ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) маълумоти зерин оварда мешавад.
То аввали соли 2025 дар кишвар 1 бонки исломӣ, 2 ташкилоти қарзии хурд бо равзанҳои исломӣ фаъолият доштанд.

Панҷ филиали ташкилотҳои қарзии исломӣ, 33 маркази хидматрасонии бонкӣ, ки аз рӯи шариат хидматрасонӣ мекунанд, кор мекунанд.
Ғайр аз ин, дар бозор як ширкати исломии лизинг (иҷора) фаъолият мекунад.
Такони ҷиддӣ соли 2019, замони таъсиси аввалин бонки исломии кишвар “Тавҳидбонк” тариқи аз нав ташкил додани бонки маъмулӣ сурат гирифт. Ин иқдом таърихӣ буд, зеро ба гузаштан аз ташаббусҳои хусусӣ ба ташкили соҳаи мукаммали бонкдории исломӣ замина гузошт.
“Алиф Бонк” низ нақши назаррас гузошт. Тариқи платформаҳои мобилӣ ва хидматрасониҳои онлайнӣ бонк хидматрасониҳоеро пешниҳод мекунад, ки ба меъёрҳои ҳуқуқи исломӣ мувофиқ буда, дастрасии аҳолиро ба маблағгузории озод аз фоизҳо васеъ мекунад.
Рушди соҳа бо афзоиши устувор ҳамроҳ аст. Аз соли 2020 дороиҳои бахши бонки исломӣ дар як сол ба ҳисоби миёна 29,3% зиёд шуданд.
Ба ҳолати моҳи январи соли 2025 ҳаҷми умумии онҳо ба 36 млн доллар расид, ки 0,9% аз ҳаҷми умумии дороиҳои тамоми низомии бонкии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Муаллифони гузориш оянда густариши минбаъдаи шабакаи филиалҳо, рушди зерсохтори маҳсулоти исломии молиявӣ, аз ҷумла вомбаргҳо ва суғуртаи исломӣ (вуқуф), навсозии заминаи ҳуқуқӣ барои дастгирии соҳа, фаъол шудани ҳамкории байнулмилалӣ дар доираи БИР ва дигар ниҳодҳои исломии молиявиро интизорӣ доранд.
Тавсияҳо барои рушди маблағгузории исломӣ дар Тоҷикистон
Дар гузориш тавсия ва маслиҳатҳои муҳиму судманд пешниҳод шудааст.
Аввал - дар бораи бонкдории исломӣ қонуни махсус зарур аст. Он бояд қоидаҳо барои маҳсулоти шариат, танзими равзанҳои исломӣ ва ташкилотҳои молиявии хурдро дар бар гирад. Ҳамчунин барои ба муомилот баровардан вомбаргҳои исломӣ - сукукҳо меъёрҳо ҷорӣ кардан лозим аст. Муайян кардани нақши Шӯрои машваратӣ оид ба бонкдории исломӣ дар назди Бонки миллӣ муҳим аст. Ин шӯро бояд корро назорат карда, муассисаҳоро ба қайд гирад ва фатво содир намояд.
Дуюм - рушди бозори вомбаргҳои исломӣ зарур аст. Барои ин таъсиси платформаи миллӣ барои нашри вомбаргҳо мувофиқи мақсад мебошад. Ҳамчунин дастгирии лоиҳаҳое, ки тариқи бонкдории исломӣ маблағгузорӣ мешаванд, зарур аст. Сукукҳоро метавон барои рӯйпӯш кардани касри буҷет ва маблағгузорӣ ба барномаҳои рушди устувор дар минтақаҳо истифода кард.
Сеюм - дастгирии ташаббусҳои техникии молиявӣ ва рушди системаи экологии молияи исломӣ муҳим аст. Метавон аз “Алиф Бонк” ибрат гирифт. Таъсиси ширкатҳои молиявӣ-техникии нав, ки тибқи қоидаҳои шариат, масалан дар краудфандинг, қарздиҳии Р2Р ва блокчейн кор мекунанд, зарур аст. Ғайр аз ин, беҳбуди зерсохтори рақамӣ ва қабули қонунҳои зарурӣ лозим аст.
Чорум - баланд бардоштани сатҳи огаҳии молиявии аҳолӣ зарур аст. Барои ин чорабиниҳои омӯзишӣ гузаронидан лозим аст. Ҳамчунин рушди барномаҳои донишгоҳиву касбӣ оид ба молияи исломӣ, шариат ва кори бонкӣ низ муҳим аст.
Панҷум - осону содда кардани дастрасӣ ба хидматрасониҳои молиявии исломӣ. Тавсеъаи шабакаи равзанаҳои исломӣ, ташкилоҳои молиявии хурд ва платформаҳҳои мобилӣ зарур аст. Монеъаҳои маъмурӣ барои таъсиси муассисаҳои нави исломӣ бояд коҳиш дода шаванд.
Ҳамчунин барои оилаҳои камбизоат маҳсулоти дастрас роҳандозӣ кардан лозим аст, масалан қарзҳои хурд ва лизинг (иҷора)-и бефоиз.
Шашум - рушди ҳамкорӣ бо созмонҳои байнулмилалии исломӣ зарур аст. Корро бо Бонки исломии рушд ва Arab Coordination Group идома додан лозим аст. Ҳамчунин ҷалби кумаки техникӣ ва сармоягузорӣ аз фондҳои исломӣ муҳим аст. Илова бар ин, иштирок дар ташаббусҳои байнулмилалӣ оид ба меъёрҳои молияи исломӣ мувофиқи мақсад дониста мешавад.






