Арзиши нони сафеди вазнаш 500 грамм дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 5,22 сомониро ташкил медиҳад. Кишвари мо дар радабандии анрзиши нони пойгоҳи "Numbeo" миёни 127 кишвари ҷаҳон дар зинаи 110-ум қарор гирифт.
Дар ин радабандӣ, ки рӯзи 17-уми октябр нашр шуд, нархи нон дар Тоҷикистон нисбат ба кишварҳои минтақа гаронтар аст.
Нони 500 грамма дар Қазоқистон 3,95 сомонӣ (зинаи 122-юм), Қирғизистон 3.90 сомонӣ (123-юм) ва Ӯзбекистон 3,60 сомонӣ (124-ум) мебошад.
Гаронтарин нони сафеди 500 грамма дар Исландия ба ҳисоби миёна қариб 30 сомонӣ сабт шудааст. Ин кишвар дар зинаи 1-ум қарор гирифта, дар идома Швейтсария (35,03 сомонӣ) ва ИМА (33,75 сомонӣ) ҷойгир шудаанд.
Нони сафеди вазнаш ним килограмми аз ҳама арзонтаринро дар Алҷазоир 1,61 сомонӣ харидан мумкин аст.
Ёдрас мекунем, ки дар нимсолаи аввали соли равон нон ва орд ҳам дар Тоҷикистон ва ҳамк кишварҳои ҳамсои Осиёи Марказӣ қимат шуд.
Тибқи маълумоти Оҷонсии омори назди Тоҷикистон, нисбат ба моҳи декабри соли 2024 давоми моҳҳои январ-июни соли 2025 шохис (индекс)-и нархи ба нон ба андозаи 4,7% ва орд - 4,9% боло рафт.
Имрӯз дар марказҳои савдои калони Душанбе номгӯи васеи мануоти нонӣ пешниҳод мешавад. Ба ин тариқ “Арзанда Боярский” бо вазни 550 грамм 7,90 сомонӣ, “Арзанда Крестянский” бо ҳамин вазн - 7,80 сомонӣ, “Маколли Дарнитский бе хамиртуруш (дрож)” бо вазни 400 грамм - 13,80 сомонӣ ва ҳамчунин “Нони Шоҳон Белий” (380 грамм) - 4,40 сомонӣ нарх доранд.
Агар соли гузашта нони маъмулии вазнаш 250 грамм 3-4 сомонӣ нарх дошт, пас акнун нархи он дар бозорҳо 5 сомонӣ ва супермаркетҳо - то 6 сомонӣ расидааст. Дар ҳамин ҳол, вазни он кам шудааст: ба ҷойи 250-300 грамми маъмулӣ нони тайёр акнун ҳудуди 230 грамм нарх дорад.
Болоравии нархи нону орд дар Тоҷикистон асосан ба гароншавии гандуми воридотӣ, афзоиши харҷот ба барқу нақлиёт, инчунин тағйири вазн ва шакли маҳсулот вобаста аст, ки амалан ба гароншавии пӯшида боис гардид. Сарфи назар аз каме суст шудани мизони таваррум дар моҳҳои охир, вобастагии кишвар ба воридоти зироати ғалладона баланд боқӣ мемонад.





Чин дар ҷаласаи СММ аз “Толибон” хост, куштори шаҳрвандонаш дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро таҳқиқ кунанд
Масъулин мегӯянд, дар пайи боронҳои чанд рӯзи охир таъмини барқ “беҳтар шуд”, аммо сокинон рад мекунанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 декабри соли 2025
Гази моеъ беш аз 1 сомонӣ арзон шудааст
“Фарҳанги суманакпазӣ” ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шуд
Маҳдудияти таҳсил барои надонистани забони русӣ. Чӣ гуна ҳазорҳо кӯдаки муҳоҷирон дар Русия аз таҳсил дур мондаанд?
Боздошти як мард дар Ҳамадонӣ бо гумони лутукӯби ҳамсараш, ки ба марг оварда расонидааст
Мазҳаб Ҷумъа, муҳаррири “Азия-Плюс” барандаи ҷоиза - “Барои мавқеи фаъоли шаҳрвандӣ дар рӯзноманигорӣ” шуд
“Истиқлол” бори 14-ум қаҳрамони Тоҷикистон шуд. Нархи дастаҳои футболи кишвар чӣ қадар аст?
Гули Зардро имрӯз ба хок месупоранд. Ӯ кист ва чӣ корнома дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста