Бар асари ду садамаи нақлиёт, ки тайи чанд рӯзи ахир рух доданд, ду нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар қаламрави ноҳияи Ҳисор ронандаи экскаватори тамғаи «Самсунг-135» Р.Р.-и 28-сола Э.Н.-и 8-соларо бо нақлиёт пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи дуюми фоҷеабор дар қаламрави деҳаи Лоҳутии ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон ба вуқӯъ пайвастааст. «Дар ин ҷо ронандаи автомашинаи тамғаи «Москвич-2140» Н.А.-и 70-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол П.А.-и 3-соларо пахш кардааст, ки дар натиҷа кӯдак дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - афзуд манбаъ.