Дар садамаҳои нақлиёт, ки рӯзҳои истироҳати сипаришуда дар минтақаҳои гуногуни кишвар рух доданд, 5 нафар ҳалок шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар қаламрави ноҳияи Айнӣ ронадаи автомашинаи тамғаи «Муссо», сокини 40-солаи шаҳри Истаравшан Бобоназар Абдуллоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба ҷарии чуқуриаш 200 метр чаппа шудааст, ки дар натиҷа, ронанда ва мусофираш Мазбутов Мусоҷони 24-сола, сокини шаҳри Истаравшан ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Хундай-Портер» Муҳаммадиев Хайруллои 24-сола, истиқоматкунандаи н.Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Сарикиштӣ ба самти маркази ноҳия аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт баромада натавониста, пиёдагарди ноболиғ Юлдошев Маҳмадраҷаби 9-сола, сокини ҳамин деҳаро пахш намудааст. Дар натиҷа хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра» Алиев Саймузаффари 63-сола, истиқоматкунандаи н.Кӯлоб ҳангоми ҳаракат аз самти ш.Кӯлоб ба самти ҷамоати деҳоти Зиракӣ ба автомашинаи тамғаи «Опел-Зафира, ки таҳти идораи ронанда Сафаров Бобоҷони 29-сола, сокини ҳамин ноҳия қарор дошт, бармехӯрад. Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи «Опел-Вектра» Алиев С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан, дар роҳ ба ҳалокат мерасад.
Ронандаи автомашинаи тамғаи «Газел» Ғафуров Рустамҷони 29-сола, истиқоматкунандаи н.Ашт дар вақти ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди ҳудуди деҳаи Аппони ноҳияи мазкур, ногаҳон дари автомашинаи мазкур кушода шуда, мусофири автомашина, ҳамсараш Ғафурова Гулчеҳраи 27-сола, сокини ҳамин ноҳия ба замин афтида, аз ҷароҳати вазнини бардоштааш, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.



Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста