Боришоти шадиди барфу борон дар навоҳии кӯҳӣ ва ҳамзамон гармшавии ҳаво боиси лағзиши тарма ва резиши санг шудааст. Зимнан ҳаракат дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Чаноқ, Шамсиддин Шоҳин – Ванҷ, Хоруғ – Ишкошим басо хатарнок аст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ, шабонарӯзи гузашта аз километри 54 то 84-уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ 17 ҳодисаи лағзиши тарма ба қайд гирифта шудааст. Ҳамин ҳол дар роҳи Нуробод – Сангвор низ ба мушоҳида расидааст.
Гуфта мешавад, барои тоза кардани роҳҳо аз тарма ва санг Хадамоти роҳи Вазорати нақлиёти ҶТ ва ширкати Innovative Road Solutions (IRS) техникаи махсуси бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ҷудо карданд. Дар айни замон роҳи Нуробод – Сангвор тоза шуда, ҳаракати мошинҳо барқарор гардидааст.
Ҳамчунин поксозии роҳи Душанбе – Хуҷанд идома дорад. Чанде пеш ширкати IRS дар саҳифаи фейсбукии худ иттилоъ дод, ки “ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз ҳар ду самт имконпазир шуд”.
Дар зер гузориши ТВ "Тоҷикистон" оид ба ҳолати кунунии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ аз саҳифаи фейсбукии IRS бознашр мешавад.
Тавсияи худдорӣ аз сафар
Барои таъмини бехатарии ронандагон ва мусофирон дар роҳҳои зимистона ва расонидани кумаки фаврӣ кормандони наҷоти Кумита шабонарӯз навбатдорӣ мекунанд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки хатари офатҳо коҳиш ёбанд ва сари вақт барои имдод ба мошинҳои дармондаву одамони дар иҳотаи тарма монда ҳозир шаванд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ аз ронандагон ва сокинони кишвар хоҳиш кардааст, дар чунин рӯзҳои пурхатар ва тармахез аз сафарҳои безарурат аз тариқи ноҳияҳои кӯҳӣ худдорӣ бикунанд ва ҷони худу ҳамсафаронро дар хатар нагузоранд.
Зимни рӯ ба рӯ шудан ба ҳолатҳои фавқулодда ва ё рӯйдоди нохӯши дигар шумо метавонед аз тариқи телефонҳои Қисми навбатдории КҲФ: 112, 93 880 28 19 ва ё 223 13 11 муроҷиат намоед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста