Борони шадиди имрӯз дар дар шаҳри Кӯлоб ба сел табдил шудаааст, ки наздик ба 10 қурбонӣ гирифтаву даҳҳо хонаву теъдоди зиёди киштзорҳои мардумро хароб кардааст. Хабарнигори "Азия-Плюс" аз макони ҳодиса хабар медиҳад, ки ҳоло ба далели харобкориҳои сел дар шаҳр барқ нест.
Ба гуфтаи хабарнигори "Азия-Плюс" дар ҳоли ҳозир хабари дақиқе аз талафоти ҷонӣ нест, мақомоти шаҳру вилоят расман дар мавриди хисороти ҷонӣ изҳори назар накардаанд, аммо Сайёфи Мизроб, сардабири ҳафтаномаи "СССР" дар саҳфаи фейсбукаш аз дарёфти 9 ҷасад аз миёни селобҳо хабар додааст ва гуфтааст, ки тибқи хабарҳои таъйиднашуда, то 18 нафар бар асари селхезии имрӯз ҷон бохтаанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода то ин дам ҷон бохтани ду тан: як мард ва як занро ба "Азия-Плюс" расман тасдиқ кард. Аз ин ниҳод гуфтанд, ки эҳтимол аст бар пайи арзёбии охирин шумори ҷонбохтаҳо зиёд шавад.
Дилором Файзова, сухангӯйи ҳукумати шаҳри Кӯлоб ба "Азия-Плюс" гуфт, ки дар ҳоли ҳозир дар мавриди талафоти ҷонӣ чизе гуфта наметавонанд, Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи шаҳр инро мушаххас мекунад ва ҳоло ба ҳамин кор машғул аст.
Ҳамчунин аз тахриб шудани даҳҳо хонаву ба коми сел рафтани молу чорвои зиёди мардум хабар дода мешавад ва ҳоло ба далели харкобкориҳои сел дар шаҳри Кӯлоб барқ нест.
Гуфта мешавад, ки сел ягона роҳи мувосилоти миёни шаҳрро дар лаҳзаҳои аввал хароб карда буд, ки мардум наметавонистанд аз ҳоли ду гӯшаи шаҳр бохабар шаванд. Сел қисмате аз шоҳроҳи Кӯлоб-ВМКБ-ро ҳам хароб кардааст, ки чанд соат роҳи он баста буд ва ҳоло гуфта мешавад роҳ муваққатан боз шудааст.
Дар ҳамин ҳол зарари расидаи сел ва борони шадиди имрӯз то ҳанӯз ҳисоб ва эълом нашудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Сабзӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 2 баробар гарон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста