Расонаҳои Қирғизистон менависанд, ки марзбонони тоҷик як низомии Қирғизистонро боздошт кардаанд. Дар ин бора сомонаи “24.kg” бо такя ба Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Манбаъ менависад, ки ҳодиса як рӯз пеш, дар натиҷаи тирандозӣ дар минтақаи ағбаи Чашмагилдон рух додааст.
- Марзбонро ба қаламрави Тоҷикистон бурдаанд,-менависад ин торнамо.
Дар идомаи ин хабар ин расона меоварад, ки намояндагони марзбонии ду давлат дар маҳалли тирпарронӣ қарор доранд ва ин далелро таҳқиқ мекунанд.
- Намояндаи марзии қитъаи Бодканд полковник Киялбек Толонбоев аз ҷониби Тоҷикистон талаб кардааст, ки низомии Қирғизистонро, ки ҳангоми ин ҳодиса боздошт шуда буд, баргардонад. Музокирот идома дорад,-менависад манбаъ.
Дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии Тоҷикистон, аз додани ҷузъиёти ин хабар ба "Азия-Плюс" худдорӣ кард. Ин ниҳод хабари мазкурро рад ва тасдиқ накард, танҳо гуфт, ки ҳар иттилое мешавад онҳо дар сомонаи АМИТ “Ховар” нашр мекунанд ва расонаҳои дигар метавонанд аз он дастрас кунанд.
Масъули матбуотии ин ниҳод ба пофишориҳои мо барои дарёфти ҷузъиёти хабар гуфт, ки чизи бештаре гуфта наметавонад, мо ё бояд мунтазири нашри иттилое дар хабаргузории расмии "Ховар" шавем ва ё бояд бо мактуб ба Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон расман муроҷиат кунем.
Ёдрас мекунем, ки тибқи як изҳороти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон, ки дирӯз хбарагузории "Ховар" нашр кард, 8-уми июли соли равон марзбонони қирғиз ғайриқонунӣ марзи давлатиро убур намуда, мақсад доштанд, ки аз ҳудуди Тоҷикистон 9 сар аспи сокинони ноҳияи Деваштичро ба қаламрави Қирғизистон интиқол диҳанд.
- Сарҳадбонони қирғиз ба амри марзбонони Тоҷикистон дар мавриди вайрон кардани хати сарҳади давлатӣ итоат накарда, ба сӯи сарҳадбонони тоҷик аз силоҳ оташ кушоданд, - зикр гардид дар изҳороти КДАМ Тоҷикистон. Дар натиҷаи тирпарронии ҷавобӣ 2 сарҳадбони қирғиз захмӣ гардиданд,-гуфт КДАМ Тоҷикистон.
Бо гузашти як рӯз аз ҳодисаи мазкур дафтари матбуотии Қирғизистон ҳам онро тасдиқ кард ва гуфт, ки ҳангоми мувофиқи хатсайри муқарраршуда посбонӣ кардан дар мавзеи Чашмагилдон гурӯҳи посбонони Қирғизистон ногаҳон аз ҷониби марзбонони Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор мегиранд ва дар натиҷа байни хиздатчиёни ҳарбӣ тирпарронӣ ба амал меояд.
Хабаргузории 24.kg бо истинод ба Хадамоти марзбонии ин кишвар хабар дод, ки дар ин тирпаронӣ як марзбони 27-солаи қирғиз бо номи Ҳусниддин Ҳоҷиев кушта шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста