Соли 2022 дар ҳудуди вилояти Суғд 767 ҳодисаи фавқулода ба қайд гирифта шуда, маблағи умумии зарари расонидашуда аз ин ҳисоб 7 миллиону 644 ҳазору 371 сомониро ташкил додааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо нашри иттилоъ аз ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд гуфтааст, ки ҳодисаҳои фавқулодаи табиӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Исфара, Ашт, Б.Ғафуров, Деваштич, Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ рух додааст.
Гуфта мешавад, ки дар ин давра 13 ҳодисаҳои фавқулоддаи хусусияти табиидошта ба қайд гирифта шудааст.
Манбаъ менависад, ки сардорони шуъбаҳои Исфара ва Бобоҷон Ғафуров доир ба барқарорсозии манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои байнисарҳадӣ зарардида, сари вақт расонидани кумакҳои ҳукумати кишвар ба оилаҳои зарардида маълумоти муфассал пешниҳод кардааст.

“Сардори Раёсат полковник Додиён Баҳром Одина ба фаъолияти пурсамар дар ин самт дар семоҳаи аввали соли 2023 доир ба роҳбарӣ ва иҷро гирифтани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табии барои солҳои 2019-2030, гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани техникаҳои муҳандисӣ, вусъат бахшидани корҳои пешгирикунанда ва соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳо,таъмири иншоотҳои муҳофизатӣ, захира намудани маводи хӯрока, сузишворӣ ва доруворӣ, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба анҷом расонидани сохтмони манзилҳои истиқоматии дар натиҷаи муноқишаҳои наздисарҳадӣ зарардида ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар байни ҳайати шахсӣ таъкид намуд”, - хабар медиҳад ин ниҳод.
Ёдовар мешавем, соли 2022 дар кишвар чанд офати табиӣ ба амал омад, ки боиси зарар ба ҷону моли аҳолӣ гардид.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста