Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳалокати чанд шаҳрванди Тоҷикистонро дар пайи садамаи нақлиётии имрӯза, 9-уми январ, дар шаҳри Братски вилояти Иркутск шарҳ дода, гуфтааст, ки аз чор нафари фатида ду нафараш шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд.
Ин ниҳод бо нашри як баёния, ки дастраси “Азия-Плюс” низ гардид, афзудааст, ки шахсияти ду нафари дигари ҳалокшуда аз ҷониби Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдори Русия муайян мешавад.
“Намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Россия дар мавриди ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари садамаи нақлиётӣ, ки 9 январи соли ҷорӣ дар шаҳри Братски вилояти Иркутски Федератсияи Россия рух додааст, дар ҷараён буда, бо таассуф қайд менамояд, ки аз чор нафар ҳалокшудагон ду нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд ва ҳамдардиашро ба наздикони фавтидагон изҳор менамояд”, - омадааст дар баёнияи сафорат.
Ин мақоми дипломатӣ гуфтааст, ки Консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Новосибирск барои расонидани кӯмакҳои зарурӣ ба наздикону пайвандони ҳалокшудагон ва интиқол додани ҷасадҳо ба Ватан изҳори омодагӣ намуд.
Ба таъкиди онҳо, қазия таҳти пайгирии Сафорат ва Консулгарии генералии Тоҷикистон дар Новосибирск қарор дорад.
Сабаби ҳодиса гуфта нашудааст.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, 9-уми январи соли 2023, дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори садамаи нақлиётӣ, ки гуфта мешуд, дар натиҷаи он, 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд, паҳн гардид.
“Азия-Плюс” барои шарҳи ҳодисаи мазкур ба Сафорати Тоҷикистон дар Русия муроҷиат карда буд.
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста