Носирҷон Набиҷонзодаи 33-сола, як зиндонии дигари тоҷик, ки ба ҷурми куштор дар Русия 9-сол равонаи зиндон шуда буд, баъди 2 моҳу 10 рӯзи бедарак шудан хабари маргаш дар ҷанги Русияву Украина ба наздиконаш расид. Дар ин бора яке аз пайвандонаш ба "Азия-Плюс" хабар дод.
Масъулини ҷамоати деҳоти Моғиёни Панҷакент ҳам, ки Носирҷон Набиҷонзода зодаи он ҷо буд, хабари кушта шудани ӯро тасдиқ карданд ва гуфтанд, дар ҳуҷҷатҳо рӯзи маргаш — 28-уми ноябри соли 2022, макони марг шаҳри Артемовск (Бахмут)-и Украина навишта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҷасади ӯро баъди тақрибан ду моҳ — январи соли 2023 ба бародараш доданд ва ҷасади бародарашро рӯзи 4-уми январ ба зодгоҳаш овард ва субҳи рӯзи 5-уми январ дар ба хок супориданд.
“Маълум нест, ки Носирҷон Набиҷонзода кай ва таҳти чӣ шароите ба ҷанги Русияву Украина ҷалб шудааст. Дар шаҳодатномаи марг танҳо рӯзи кушта шуданаш дарҷ шудаасту халос”, - гуфт манбаъи мо аз ҷамоати деҳаи Моғиён.
Манбаъи дигари мо аз ҷамоати деҳаи Моғиён гуфт, Носирҷон Набиҷонзода ба ҷурми куштори писари аммааш Парвиз Саидмуродов гунаҳкор дониста шуда, дар яке аз зиндонҳои шаҳри Маскав адои ҷазо мекард.
Аз Носирҷон Набиҷонзода ду фарзанд ятим мондааст.
Бояд гуфт, ки бо гузаштаи қариб як сол аз оғози ҷанги Русия ва Украина, хабари ширкати даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳамчунин шаҳрвандии Русияро доранд, дар ин муноқиша расонаӣ мешавад.
Дар баробари ин, расонаҳо аз кушта шудани тоҷиконе, ки дар маҳбасҳои Русия адои ҷазо мекунанд, хабар дода, аз қавли баъзе наздиконашон менависанд, ки онҳо иҷборан ва ё бо ваъдаи авф ба ҷанг бурда мешаванд.
То ҳол расонаҳои Тоҷикистон дар бораи беш аз 10 нафар зиндонии тоҷик маълумот пайдо карданд, ки ба ҷанг алайҳи Украина бурда ва кушта шудаанд. Ҷасади бештари нҳоро ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Мақомоти Тоҷикистон омори маҳбусони тоҷикро дар Русия пешниҳоди омма намекунанд ё дар ҳақиқат дар даст надоранд. Аз ин рӯ, дақиқ нест, чанд шаҳрванди зиндонии Тоҷикистон дар Русия дар ҷанги Русияву Украина иштирок доранд ва чӣ қадари онҳо кушта шудаанд.
Мақомоти Русия дар робита ба ин нафарон ҳеҷ иттилоъ намедиҳанд ва мақомоти Тоҷикистон дар ин бора зиёд суҳбат намекунанд.
Танҳо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, аз роҳҳои ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон дар муноқишаи Русия ва Украина хабар надоранд, бо вуҷуди ин, зидди ширкати тоҷикон дар ин муноқиша аз ҳар ду ҷониб ҳастанд.
Иброҳим Раисӣ ва ҳамроҳонаш ба ҳалокат расидаанд. Ноиби раиси ҷумҳури Эрон ин хабарро расман тасдиқ кард
Чархболи суқуткардаи Иброҳим Раисӣ пайдо шуд, аммо тақдири ӯ ва ҳамроҳонаш норӯшан аст
“Мадина” чӣ гуна занони бешавҳарро ба ҷои кор таъмин мекунад?
КДАМ Тоҷикистон гуфт, чораҳои амниятиро дар сарҳади давлатӣ пурзӯр мекунад
Муҳлати ҳабси се узви оилаи Исломовҳо ва як шаҳрванди Қирғизистон низ тамдид гардид
Сангу чуб дар баробари танку туп. Эътирозгарон ба Толибон: посухи эътироз гулӯла нест!
Бонки осиёии рушд ба гумони ғолиб, дар маблағгузории сохтмони неругоҳи “Роғун” саҳм мегузорад
Имкони охирини муштзанҳои тоҷик барои дарёфти роҳхат ба Олимпиадаи Фаронса
“Се занро, аз ҷумла як ноболиғро ба никоҳаш даровардааст”. Боздошти як “қорӣ” бо гумони қаллобӣ
Миҷгона Маҳмадалиева аз Тоҷикистон дар ҳайати Кумитаи иҷроияи КФО. Бори нахуст дар Осиёи Марказӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста