Юнус Сезер, раиси Оҷонси мубориза бо офатҳои табиӣ (AFAD)-и Туркия гуфт, теъдоди қурбониёни заминларза дар ҷанубу шарқи кишвар ба 47 975 нафар расид, хабар медиҳад хабаргузории Anadolu.
Ба гуфтаи ӯ, дар миёни кушташудагон ҳудуди 6 ҳазору 278 нафар шаҳрвандони хориҷӣ, аксаран шаҳрвандони Сурия будаанд.
Теъдоди захмиён аз 115 хазор нафар гузашт.
“Дар минтақа зилзилаҳои такрорӣ то ҳол идома доранд. Аз ин рӯ, мо гурӯҳҳои наҷотро дар ҳолати омодабош нигоҳ медорем. Тақрибан 300 наҷотдиҳандаи дигар аз кишварҳои хориҷӣ низ дар он ҷо қарор доранд”, - гуфтааст Юнус Сезер.
Ба таъкиди ӯ 74 ҳавопаймо ва 99 чархбол ба минтақаи заминларза кӯмакҳои башардӯстона ва хаймаҳо интиқол медиҳанд.
“Ба ҳамаи маҳалҳо бо роҳи хушкӣ ва ҳавоӣ расонидани озуқаворӣ давом дорад. Дар вилоят 12 хазору 140 техникаи бинокорию махсус фаъолона кор мекунанд. Теъдоди онҳое, ки дар хаймаҳо, шаҳрчаҳои контейнерӣ ва истироҳатгоҳҳо ҷойгир шудаанд, қариб ба 1 миллиону 800 ҳазор нафар мерасад. Дар вилоят 17 ҳазору 787 контейнер гузошта шудааст”, - Юнус Сезер.
Раиси AFAD гуфта, ки 935 722 нафар аз минтақаи офат таҳвил дода шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилои France24, теъдоди умумии кушташудагон дар Сурия ба 5 ҳазору 914 нафар расидааст.
Ёдовар мешавем, ки шаби 6-уми феврал дар ҷанубу шарқи Туркия заминларзаи 7,7 дараҷаӣ ва баъд аз он, як заминларзаи дигар ба шиддати 7,6 дараҷа рух дод. Заминларза ба Сурия низ таъсир расонд.




“Бо нерӯ ва фарогирӣ касро ба ҳайрат меорад”. Чаро пурҷоизатарин филми тоҷикӣ – “Дов”-ро бояд тамошо кард?
Тоҷикистон ба Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ки чаро Владимир Путинро боздошт накард
Раиси ҷамъияти тоҷикон дар Пермро аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва аз ин кишвар ихроҷ кардаанд
“Паём ба Чину Русияву Эрон ва таҳдид ба низоми ҷаҳон”. Рабудани раисҷумҳури Венесуэла аз сӯйи Амрико чӣ паёмад дорад?
Нархи парасторӣ дар кӯдакистонҳои давлатӣ боло рафт
Аз Асланшоҳ Раҳматуллоев ва Кароматуллоҳи Мирзо то “Зорро” ва Шариф Назаров. Дар соли 2025 миллати тоҷик киҳоро аз даст дод?
Русия мегӯяд, дар 11 моҳи соли гузашта беш аз 54 ҳазор муҳоҷирро ихроҷ кардааст
Боздошти ҷавоне дар Муъминобод бо гумони куштори ҳамсари собиқаш
Рустам Ятимов - бозингари сол дар мусобиқоти Ҷоми Русия
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Паррандаи сабзи ишқ”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 7
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста