Дар пайи зиёд шудани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки аз 1-уми январи соли 2026-ум 3 сомонӣ афзуд, нархи парастории тифлон дар кӯдакистонҳои давлатӣ низ боло рафт. Аз ҷумла, дар шаҳри Душанбе ва шаҳрҳои калони дигар, акнун волидайн барои нигоҳубини кӯдаконашон ба ҷойи 150 сомонӣ, 156 сомонӣ пардохт мекунанд.
Қаблан 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ буд ва аз 1-уми январи соли 2026 он 78 сомонӣ муқаррар гардид.
Нархи парастории кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ дар шаҳрҳои калони кишвар – Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар 2 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё 156 сомонӣ муайян гардидааст.
Дар навоҳии кӯҳӣ ва дурдаст нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ 1,5 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст. Тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли гузашта ин маблағ 112,5 сомониро ташкил медод ва тибқи нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои имсол он 117 сомонӣ хоҳад шуд.
Ин талабот ба боғчаҳои хусусӣ дахл надорад.
Қаблан аз Вазорати маориф ва илм гуфта буданд, ки тибқи қарори махсуси ҳукумати кишвар мақомоти шаҳру навоҳии дурдаст ва кӯҳӣ метавонанд бо назардошти шароити минтақа нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатиро каму беш кунанд.
Волидайн маблағи нигоҳубини кӯдак дар боғчаро бояд тариқи ғайринақдӣ дар портали “Хидматрасониҳои давлатӣ” пардохт ва расиди онро ба маъмурияти боғча пешниҳод кунанд.
Бояд гуфт, қаблан сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар пайи афзоиши нархи нигоҳубини кӯдакон дар боғчаҳои давлатӣ ва ҷамъоварии маблағ барои таъмири кӯдакистонҳо нигаронӣ карда, гуфта буданд, ки “бештар аз нархи муқараршуда маблағ медиҳанд”.
Қаблан Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз сокинон хоҳиш карда буд, ки дар сурати талаби маблағҳои иловагӣ дар кӯдакистонҳои пойтахт ба телефони боварии ин муассиса – 221-30-92 муроҷиат кунанд ва ё ба суроғаи [email protected] нома нависанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста