Дар шаҳри Турсунзода як нафар бемори рӯҳӣ ду масҷидро оташ задааст, хабар медиҳад Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон.
Маҷаллаи “Дин ва ҷомеа”, нашрияи тобеи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Тоҷикистон дар саҳифаи фейсбуки худ менависад, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 28-уми апрел, тахминан соати 8 дар масҷидҳои панҷвақтаи деҳаҳои Зиёраттут ва Сангқалъаи ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода рух додааст.
“Дар натиҷа сӯхтор бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Зиёраттут ба пуррагӣ сӯхта, бинои масҷиди панҷвақтаи деҳаи Сангқалъа қисман зарар дид”, - менависад ин нашрия.
Зикр мегардад, ки ин ду масҷидро сокини шаҳри Турсунзода Дилшод Ботирови 32-сола, ки бемории руҳӣ доштааст, оташ задааст.
Давлат Ботиров, падари Дилшод Ботиров гуфтааст, ки писараш чанд моҳи охир бинобар хуруҷи бемории руҳӣ дар шароити хона нигаҳдорӣ ва назорат мешуд.
“Рӯзҳои охир шароити нигаҳдориашро нисбатан сабуктар намудем, ӯ бо истифода аз ин ҳолат аз хона фирор карда, масҷидҳоро оташ задааст”- гуфтааст падари Дилшод Ботиров.
Ба навиштаи манбаъ, айни ҳол Дилшод Ботиров дар беморхонаи касалиҳои рӯҳии воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ нигаҳдориву табобат мешавад ва вобаста ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби мақомоти дахлдор тафтишот идома дорад.
Дар робита ба ҳодисаи мазкур, мақомоти корҳои дохилӣ шарҳе надодааст.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста