Рустам Ашӯров, ки рӯзи 30 июн ду афсарро дар фурудгоҳи Кишинёв аз силоҳи оташфишон ба қатл расонид, бар асари захмҳои гирифтааш ҳалок шуд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба Бозрасии генералии пулиси ВКД Молдова хабар медиҳад.
“Айбдоршаванда ба куштори ду кас дар фурудгоҳи Кишинёв ҳалок шуд”, - гуфта мешавад дар Telegram-канали ин ниҳод.
Манбаъҳо дар ин ниҳод ба хабарнигори ТАСС гуфтаанд, Ашӯров баъди ярадор шудан дигар ба ҳуш наомадааст.
Қаблан сардори Бозрасии генералии пулиси Молдова Виорел Чернеутеану зимни нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки Ашӯров аз музокира бо пулис худдорӣ карда, ҳангоми ҳамла сахт маҷрӯҳ шудааст. Ба гуфтаи ӯ, Ашӯров дар бемористон, беҳуш, вале таҳти ҳимояти шадиди пулис қарор дошт.
Виорел Чернеутеану дар брифинг изҳор дошт, ки Рустам Ашӯров ҳафт сол дар сохторҳои ВКД Тоҷикистон кор карда, лекин барои рафтори ношоиста аз кор озод карда шудааст.
“Ӯ узви ягон гурӯҳи террористӣ нест, лекин қаблан барои роҳзанӣ маҳкум шудааст”, - иброз дошт Чернеутеану.
Роҳбари пулис тасдиқ намуд, ки аз рӯи далели ҳамла ба кормандони сохторҳои қудратӣ дар фурудгоҳи Кишинёв ҷониби Молдова бо намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.
“Мехоҳам таъкид кунам, ки инҳо кормандони ВКД мебошанд, на дигар кадом як сохторҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ - мубориза бо терроризм ё ҷинояткории муташаккилона. Мо ҳамроҳ ин ҳодисаро тафтиш мекунем”, - илова кардааст ӯ.
Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта Ашӯров дар фурудгоҳи Кишинёв барои роҳ надодани ӯ ба кишвар тирпаронӣ кард. Ӯ сарҳадбон ва корманди хадамоти амнияти фурудгоҳро ба қатл расонид.
Президенти Молдова Майя Санду ба хотири гиромидошти хотираи афсарони ҳалокшуда 4 июлро рӯзи мотами миллӣ эълон карда, бо фармони ӯ фавтидагон пас аз марг бо медалҳо қадрдонӣ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи шанбе, 1 июл хабар дод, ки Рустам Ашӯров дар рабудани муовини раиси “Ориёнбонк” Шуҳрат Исматуллоев низ гумонбар дониста мешавад.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста