Рӯзҳои 19 ва 20-уми июл се кӯҳнаварди хориҷӣ, ки дар кӯҳҳои ноҳияи Лахш ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) сайр мекарданд, аз кӯҳ сарозер шуда афтидаанд. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон (КҲФ) онҳоро наҷот додаанд.
Ба иттилои КҲФ, ҳодисаи аввал рӯзи 19-уми июл дар қаторкӯҳҳои ноҳияи Лахш рух додааст: тақрибан соати 11:14 дақиқа ба қисми навбатдории Кумита дар бораи ҳодисаи нохуш хабар расидааст.
“Кӯҳнавард, шаҳрванди Белорусия Д.Л.Гракович соли таваллудаш 30-юми декабри соли 1986, сокини шаҳри Минск ҳангоми фатҳи қуллаи кӯҳ аз баландӣ сарозер шуда, дар натиҷа осеби ҷисмонӣ бардоштааст”, - навиштааст КҲФ.
Гуфта мешавад, ки қабурғаи сайёҳ шикастааст.
Ин ниҳод гурӯҳи имдод ташкил карда, барои наҷоти сайёҳ фиристодааст ва онҳо бо воситаи чархболи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба қуллаи “Москвина”-и ноҳияи Лахш рафтаанд.
“Аз сабаби мавҷуд набудани ҷойи нишаст барои чархбол имдодгарон аз он поён шуда, пои пиёда 6 километр роҳро тай намуда, кӯҳнавардро пайдо карданд. Ба муҷарради расидан аввалин ёрии тиббиро барояш расонданд. Аз сабаби он ки рӯз ҳам шаб шудаву роҳ торик шуда буд ва ин мавзеъ худ як мавъеи мушкилгузару хатарнок мебошад, интиқоли кӯҳгарди осебдидаро ба рӯзи 21-уми июл мавқуф гузоштанд”, - омадаанд дар хабар.
Ҳодисаи дуюми дархости кумак ба иттилои манбаъ, дирӯз, 20-уми июл, соати 15:30 дарёфт шудааст.
Ду нафар кӯҳнавардони хориҷӣ - шаҳрвандони Британияи Кабир - Майкл Алан Фоуйлер, соли таваллудаш 1956 ва Симон Андрев Ятес, соли таваллудаш 1963 аз тариқи телефони маҳвораӣ тамос гирифтаанд: онҳо бо мақсади фатҳи қуллаи Патхор, ки дар қаламрави ноҳияи Шуғнон ҷойгир аст, боло шудаанд, вале “сарозер шудаву сахт осеб дидаанд”.
“Тибқи дастури раиси КҲФ 10 нафар аз ҷумлаи наҷотдиҳандагони Раёсати Кумита дар ВМКБ барои кумаки фаврӣ ба кӯҳнаврадони ҷабрдида ба қуллаи Патхор фиристода шуданд. Чун расидан ба ин қулла бо василаи чархбол аслан имкон надорад, ба наҷотдиҳандагон лозим омад, ки аз аспҳо ва гоҳи дигар аз таҷҳизоти махсуси кӯҳгардӣ истифода карда, ҳоло ба нуқтаи таъиншуда раванд.”, - афзудааст манбаъ.
КҲФ аз сокинон ва шаҳрвандони хориҷӣ хостааст, ки қабл аз сафар ба маконҳои пурхатар, фатҳи қуллаҳо дар ҳайати гурӯҳҳои гардишгарӣ ҳатман бояд худро ба хадамоти наҷот номнавис кунанд.
КҲФ ба ҳеч ваҷҳ маслиҳат намедиҳад, ки шаҳрвандон ба танҳоӣ барои сайри кӯҳҳо раванд.
“Агар рафту шуморо зарур омад, ба танҳоӣ кӯҳ рафтед, пас ҳатман ба пайвандону хешонатон хабар диҳед, самти ҳаракат ва вақту соати ҳаракати худ, инчунин қасдатон аз ин сафарро ҳатман бигӯед. Бо худ ҳатман либоси гарм, ғизо ва телефони мобилӣ гиред. Ва дар телефонатон ҳатман бояд рақами телефонҳои хадамоти наҷот сабт шуда бошад”, - таъкид кардааст КҲФ.
Ёдовар мешавем, ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ аз омадани селҳо ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо барои имрӯз ва фардо, 21-22-юми июл, ҳушдор медиҳад.
Ба сокинони навоҳии кӯҳистониву доманакӯҳҳо тавсия дода мешавад, ки ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиҳои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.
Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста