Имрӯз, 9-уми ноябр, дар баъзе манотиқи Тоҷикистон барф борид. Сокинони кишвар бо нашри аксҳо аз шоҳроҳи Душанбе – Чаноқ (километри 78 то 168) ва ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барфи аввал борид.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ҳам хабар дод, ки имрӯз, 9-уми ноябр, дар баъзе манотиқи кишвар борони бошиддат ва дар баландиҳои зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр боридани барф дар назар дошта шудааст.
Ба иттилоъи манбаъ борони бошиддат дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон ба амал омада, сар задани селҳои хусусияти маҳаллидошта аз эҳтимол дур нест.
“Бо сабаби ба амал омадани боришот дар дарёҳои Ёхсӯ, Қизилсӯ (ҷанубӣ) ва дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад”-омадааст дар хабар.
Вобаста ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар тавсия медиҳад, ки аз роҳандозии корҳои кишоварзӣ худдорӣ намуда, дар кӯҳҳову доманакӯҳҳо ва маҳалҳое, ки омадани сел эҳтимол дорад, чорвочаронӣ накунанд.
Ҳамзамон дар ин рӯзҳо рафтан ба кӯҳҳо барои чидани ҳезум ва гиёҳҳо, инчунин рафтан ба соҳили обҳо барои моҳидорӣ ва шикорро низ тавсия намедиҳанд.
“Сокинонро лозим меояд дар ин рӯзҳои сард беш аз ҳар вақти дигар қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро риоя кунанд. Фасли сард одамонро ба гарм кардани хонаҳо бо ҳар васила водор мекунад, вале риоя нашудани қоидаҳои бехатарӣ метавонад сабаби ин ё он нохушӣ гардад”-омадааст дар хабар.
Дар ҳолати пеш омадани ҳодисаҳои нохуши табиӣ ва дигар ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандон метавонанд ба телефони 112 ва ё ба қисми навбатдории КҲФ: 112, 221-91-19, 223-13-11 дар тамос шаванд.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста