Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ин ҷавондухтар сокини 16-солаи ноҳияи Файзобод Исмонзода Нозия Бурҳон будааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса рӯзи 6-уми декабр рух дода, ҷасади духтарак рӯзи 11-уми декабр аз ҷониби сокинони маҳаллӣ пайдо шудааст. Айни ҳол, ҷасад ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, сабабҳои худро ба об партофтани духтарак дақиқ карда мешавад.
Бояд гуфт, чанд рӯзи охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурати ҷавондухтаре паҳн гардида буд ва аз корбарон хоҳиш мешуд, ки барои пайдо кардани ӯ кӯмак кунанд.
Дар паёми нашргардида зикр мешуд, ки духтар баъди сабти навори кӯтоҳ дар назди дарёи Кофарниҳон бедарак шудааст. Дар навор духтар гуфтааст, ки “ин дунёи бад ба ман вафодорӣ накард”. Эҳтимол баъди сабт ва нашри навори кӯтоҳ ӯ худро ба дарё партофтааст.
Ҷустуҷӯи мақомоти дахлдор ва сокинони маҳаллӣ давоми панҷ рӯз бенатиҷа анҷомид ва танҳо дирӯз, 11-уми декабр, ҷасади духтарак дар минтақаи Ваҳдат рӯи об баромада, сокинои маҳаллӣ ӯро пайдо кардаанд.
Бояд гуфт, ки худро ба дарё андохтан ё ба худкушӣ даст задани духтарон ва занон дар кишвар солҳои охир афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни нишасти хабарӣ, аввали моҳи август баён дошт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 228 мавриди худкушӣ ва сӯиқасд ба худкушӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (218 ҳолат) 10 маврид бештар аст.
“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”
Пулиси Хатлон сабаби латукӯби модару духтар аз сӯи бародарони шавҳари занро шарҳ дод
Боздошти як ҷавони 28-сола бо гумони фиреби сокинон бо ваъдаи фиристодан ба Амрико
Шиносномаи Тоҷикистон дар сафи заифтаринҳо дар ҷаҳон қарор гирифт (НАВШУДА)
“Як рӯз пеш аз маргаш куштанд”. Поягузори нашрияи парлумонӣ ва рӯзноманигори шаҳир Муродулло Шерализода 80-сола шуд
“Онҳоро ба талбандагӣ маҷбур мекард”. Ду кӯдакро аз модарашон гирифта, ба мактаб-интернат супоридаанд
Гумонбарони асосии ҳамла ба “Крокус” аз лиҳози равонӣ солим эътироф шудаанд
Давраи дуввуми музокираи Эрон ва Амрико рӯзи шанбе мегузарад. Дар музокираи аввал тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?
Паёмади 5 заминларза дар минтақаи Рашт: 160 хонаи истиқоматӣ ва се мактаб зарар дидааст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҷароҳат” қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста