Дар пайи кушторҳои пайдарпай дар шаҳри Конибодом, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ба ин шаҳр рафта, дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ аз онҳо даъват кардааст, ки ба таҳлука наафтаанд, зеро тафтиши ин ҳодисаҳо “таҳти таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат” аст. Ин нахустин вокуниши мақомоти расмии Тоҷикистон дар робита ба ин кушторҳо дар чанд моҳи охир аст.
Дафтари матбуотии раиси вилоят навиштааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода як рӯз баъд аз ҳодисаи куштори 4 нафар, 16-уми декабр ба шаҳр рафта, ба сокинони гуфтааст, ки барои пайдо кардани гунаҳкорони ин ҳодисаҳо “беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада, донишу малакаи касбии худро баҳри дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон равона сохтаанд”.
Дафтари матбуотии раиси вилоят эътироф кардааст, ки “давоми чанд рӯзи охир дар шаҳри Конибодом якчанд ҳодисаи куштори бераҳмона ба қайд гирифта шуд, ки ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш андохтааст”.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфтааст, ки раванди тафтишоти ҳодисаҳо таҳти таваҷҷуҳи “роҳбарияти давлат” қарор дорад ва аз сокинони маҳаллӣ даъват кардааст, ки “зиракиву ҳушёриро аз даст надода, бо мақомоти қудратӣ ҳамкорӣ намоянд”.
Ба таъкиди номбурда, бо мақсади дарёфту ошкор кардани гунаҳкорон дар шаҳр ситод ва навбатдорони ихтиёрӣ ташкил шуда, дар кӯча камераҳои назоратӣ ва чароғҳо насб шудааст.
“Сокинонро зарур аст, ки ба таҳлука наафтанд, доимо ҳушёру зирак бошанд ва бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ намоянд”,-омадааст дар иттилоия.
Дафтари матбуотии раиси вилоят дар бораи шумораи кушторҳо ва сабабу омилҳои он ҳарфе нашр накардааст.
Зимнан, дирӯз 17-уми декабр Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом ба деҳаи Ҳисораки ин шаҳр, маҳалле, ки шаби 15-уми декабр 4 нафарро кушта буданд, рафт.
Дар кӯчаи ба номи Ҷасурбек Шокиров даҳҳо сокинони деҳаи Ҳисорак барои вохурӣ бо раиси шаҳр ҷамъ омада буданд.
Ҷузъиёти мулоқот маълум нест. Чунки масъулини ҳукумат ва дигар сохторҳои қудратӣ, ки раисро ҳамроҳӣ мекарданд, нагузоштанд рӯзноманигорон дар ҷараёни вохурӣ ширкат ва аксбардорӣ кунанд.
Аз моҳи марти имсол то ҳол дастикам дар бораи куштори 7 узви оила, тақрибан 20 нафар хабарҳо нашр шуда буд. Ҳодисаи охир рӯзи 16-умии декабр расонаӣ шуд, ки шахсони номаълум дар деҳаи Ҳисорак (Қурғончаи собиқ) 4 нафар, ду зану ду мардро ба қатл расонидаанд.
Манбаъҳои “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳо зану шавҳар ва модару писар буданд.
Аз ин пештар дар бораи қатли 6 узви як оила хабарҳо расида буд, ки 4 нафари онҳо кӯдакон буданд. Ангезаи кушторҳо маълум нест ва ҳамчунин аниқ нест, ки ҳамаи ин кушторҳо ҳалқаи як занҷираанд ё не.
Ин ҳодисаҳо нигаронии сокинони маҳаллӣ ва наздикони онҳоро дар муҳоҷират ба миён оварданд.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон то ҳол дар бораи ҳодисаҳо вокуниши расмӣ накардаанд. Танҳо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта, Радиои Озоӣ хабар дод, ки додгоҳҳои Тоҷикистон то ин дам ду касро барои даст доштан дар қатлҳои мармузи Конибодом ба ҳабс маҳкум кард. Марат Сатторов ба ҳабси абад ва Шарифҷон Шаӯров ба 20 сол зиндон маҳкум шуд.
Эрон раводидро пурра лағв кардааст. Акнун навбати Тоҷикистон
Идомаи тағийроти кадрӣ. Раисони чанд шаҳру навоҳӣ ва муовини якуми Рустами Эмомалӣ иваз шуданд
Дарвозаҳои электронӣ дар фурудгоҳи Душанбе аз 15 марти соли 2025 ба кор медароянд
Дар кадом кишвари Осиёи Марказӣ ҳаҷми маош аз ҳама баландтар аст?
То 300 нафар дар як ҳафта. Баъди ҳодисаи “Крокус” бозгашти муҳоҷирон тавассути фурудгоҳи Кӯлоб зиёд шудааст
Ширкати “Сомон Эйр” хатсайри Душанбе - Лондонро роҳандозӣ мекунад
Азим Иброҳим ҳадафи таъсиси Фонди роҳро дар Тоҷикистон шарҳ дод
Вазири нақлиёт гуфт, дар бораи оғози сохтмони метро дар Душанбе “сухан гуфтан ҳанӯз барвақт аст”
Раиси нави Хадамоти алоқа сабаби суст будани интернетро гуфт ва ваъдаи арзон кардани нархи онро дод
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Баҳои ҳар кас ба миқдори ҳиммати ӯст”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста