Рӯзҳои 21 ва 28-уми январи соли 2025 сокинони дунё шоҳиди дар як саф қарор гирифтани сайёраҳо хоҳанд шуд. Рӯзи 28-уми январ 7 сайёра дар як саф қарор мегиранд. Дар ин бора сомонаи Starwalknews хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 21-уми январ 6 сайёра - Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як қатор саф мекашанд. Рӯзи 28-уми январ 7 сайёра - Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран, Нептун ва Зуҳра (Ноҳид) дар як хат ба ҳам меоянд.
Аммо, Анвар Бӯризода, директори Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳо дар сӯҳбат бо “Азия‑Плюс” гуфт, ки дар як қатор саф кашидани сайёраҳо дар 200 сол як маротиба иттифоқ меафтад. Ба гуфтаи ӯ, дар рӯзҳои 21-25-уми январ сокинон метавонанд бархе аз сайёраҳоро бо чашм бубибанд.
“Чор сайёра – Миррих, Муштарӣ, Уторид ва Зуҳалро, ки сайёраҳои калон ҳастанд, бидуни дурбини астрономӣ дидан мумкин аст. Сайёраи Нептун ва Уранро танҳо бо ёрии дурбини астрономӣ мушоҳида кардан мумкин аст”, - гуфт Бӯризода.
Анвар Бӯризода афзуд, ки падид омадани сайёраҳо ҳодисаи маъмули табиӣ аст ва дар як сол чандин маротиба иттифоқ меафтад. Ӯ таъкид кард, ки сокинони Тоҷикистон имкон доранд, ки баъди ғуруби офтоб чор сайёраро пароканда бубинанд.
Таъсири ин падида ба инсон ва табиат аз тарафи олимони соҳа ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Баъзе аз нуҷумшиносон иддао мекунанд, ки он ба ҷисму саломатии баъзе одамон метавонад таъсири манфӣ расонад.
Дар ҳамин ҳол мутахасиси тоҷик ин иддаоро рад карда, гуфт, ки ба организми инсон ва иқлим таъсири назаррасе намерасонад.
“Он воқеаҳое, ки дар кайҳон рух медиҳанд ба тағйирёбии иқлим рабт надоранд. Ин ҳодисаҳо ба Замин ва организми инсон ягон хатар надоранд”, - зикр кард Бӯризода.
Ёдовар мешавем, ки қаблан рӯзи 3-юми июни соли ҷорӣ 6 сайёра - Муштарӣ, Уторид, Миррих, Зуҳал, Уран ва Нептун дар як саф ба ҳам омаданд.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста