Мақомот як ҷавони 20-соларо бо гумони куштори бераҳмонаи духтари 19-солае, ки зоҳиран дӯстдоштааш будааст, дастгир кардаанд. Вазорати корҳои дохилӣ аз гумонбаршуда ном набурда, танҳо гуфтааст, ки сокини ноҳияи Зафаробод аст.
Ба гуфтаи ин ниҳод, ҷавони 20-сола рӯзи 5-уми сентябр аз ҳисси рашк бинобар сабабе, ки оилаи духтар хостгории ӯро рад кардаанд, ҷавондухтари 19-соларо ба ҷои номаълуме бурда, бо корд “16 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш зарба задааст”.
Сипас, ба қавли мақомот, гумонбаршуда ҷабрдидаро ба дохили як бинои сохтмонаш нотамом дар деҳаи Логин дароварда, бо бензин оташ зада, ба қатл расонидааст. Духтар ҳам сокини ноҳияи Зафаробод будааст.
Мақомот алайҳи гумонбаршаванда бо қисми 2-и моддаи 104 (одамкушӣ) парванда боз кардаанд. Ин банди қонунгузорӣ аз 15 то 25 соли зиндон ҷазо пешбинӣ мекунад.
Аммо назари гумонбар ва ё пайвандону вакили дифоаш дар робита ба иттиҳом маълум нест.
Куштор дар заминаи рашк дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки рух медиҳад. Соли гузашта як ҷавонзани 33-солаи сокини ноҳияи Варзоб ва модари 4 фарзанд ба он муттаҳам шуд, ки дар заминаи рашк шавҳарашро корд задааст.
Пештар аз ин, як сокини 38-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ҳам дар пайи рашк ҳамсарашро кушта буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста