Душанбе. 21-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» -
Кормандони Раёсати назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон зимни баргузории санҷиши фаъолияти
кооперативи истеҳсолии «Зоҳириён»-и ноҳияи Панҷ
дар масъалаи напардохтани андоз ба буҷаи давлат як қатор қонуншиканиҳоро ошкор намуданд.
Сардори дафтари матбуоти агентии номбурда Шарифбек Шарифов хабар дод, ки директори кооперативи мазкур Ҷалол Зоҳидов тавассути таҳияи санадҳои тақаллубии пардохти андоз даромадҳои корхонаро рӯйпӯш сохтааст.
«Дар натиҷаи ин аъмол ба буҷаи давлат
348 876 сомонӣ (беш аз $100 ҳазор) маблағҳои пардохти андоз
ворид нагаштанд», - зикр кард манбаъ. Доир ба ин далел парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста