Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки собиқ муовини сардори гурӯҳи таъиноти махсуси вазорат Евгений Сергеев роҳбари гурӯҳи мазкур таъин карда шуд.
Ӯ таъкид сохт, ки собиқ роҳбари гурӯҳ полковник Олег Захарченко «на ба иллати иқдомоти тарҳрезишудаи бебарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, балки ҳангоми иҷрои вазифаҳои хидматӣ дар сафар ба қатл расид.
«Прокуратураи генералӣ нисбати ин қазия тафтишот мебарад ва шахсони ба ин ҷиноят дастдошта ояндаи наздик ба курсии айбдорӣ хоҳанд нишаст», - афзуд М.Солеҳов.
Дар ҳамин ҳол, ҳафтаи гузашта
додситони кулли ҷумҳурӣ Бобоҷон Бобохонов изҳор дошт, ки гумонбаршудаи қатли фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко муайян карда шудааст, вале бо дарназардошти идомаи корҳои тафтишотӣ аз ифшои номи ӯ худдорӣ кард. Ӯ гуфт, ки ин шахс то ҳол ба ҳабс гирифта нашудааст ва тафтишоти қазия ҳанӯз давом дорад. «Ман чун додситони кулли ҷумҳурӣ қотеъона мегӯям, ки дер ё зуд содиркунандагони ин ҷиноят ба курсии айбдорӣ хоҳанд нишаст», - гуфт додситони кулл.
Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуд.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар сардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадовро ба даст доштан дар ин ҷиноят гумонбар медонистанд. Дар ҳамин ҳол, М.Аҳмадов то ҳол дар мансаби пешинаи худ ифои вазифа менамояд ва худро гунаҳкор намедонад. «Бояд шахсе муттаҳам карда шавад, ки он «сафари шум»-ро барои О.Захарченко фармоиш дода буд», - изҳор дошт дар яке аз мусоҳибаҳояш ба ОИ «Азия-Плюс» М.Аҳмадов.



“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста