Душанбе. 14-уми август. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳудуди дусад нафар соҳибкорони бозори «Корвон», ки аз сӯхтори рухдода хисорот бардоштаанд, унвонии президенти Тоҷикистон нома ирсол карданд.
Дар мактуб гуфта мешавад, ки « сӯхтор дар натиҷаи қасдан оташ задан ба амал омадааст, зеро колоҳое, ки дар ҷойҳои махсус ва контейнерҳо ҷойгир шуда буданд, қабл аз оташзанӣ аз ҷониби ашхоси номаълум ғорат карда шудаанд».
«Ҳамарӯза пас аз соати чори рӯз барқ дар тамоми бозор қатъ карда мешавад, аз ин рӯ сӯхтор бо сабаби ноҷӯриҳои ноқилҳои нерӯи барқ ба вуҷуд омада наметавонист», - гуфта мешавад дар нома.
Соҳибкорон мегӯянд, ки тақрибан ду моҳ пештар намояндагони бозори «Корвон» аз онҳо баёнот гирифтаанд, ки дар сурати сар задани сӯхтор онҳо масъулият надоранд.
Соҳибкорон аз сарвари давлат дархост кардаанд, ки ба мақомоти дахлдор супориш диҳад, то тафтишот дақиқу ҳмаҷониба гузаронида шавад.
«Тайи ду соли ахир дар бозор якчанд ҳодисаҳои сӯхтор рух доданд, вале сабабҳои он ва гунаҳкорон то ҳол муайян нагаштаанд ва ин моро водор сохт, ки ба сарвари давлат муроҷиат намоем», - гуфт дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» соҳибкор Маҳина Умарова.
Соҳибкорон ҳамчунин аз президент дархост кардаанд, ки дар масъалаи барқарорсозии нуқтаҳои фурӯш ва озодсозии онҳо аз пардохти ҳама гуна андоз ба муддати ду сол мусоидат намояд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2025
Вақте дандон дард мекунад, ба куҷо метавон муроҷиат кард?
Чӣ гуна метавон фаҳмид, ки бонк мушкил дорад ва боэътимод нест?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2025
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста