Душанбе. 30-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс»
-
С
ардори раёсати минтақавии мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили гурӯҳи ноҳияҳои Рашт Мирзохӯҷа Аҳмадов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки
амнияти президент зимни сафари корӣ ба водии Рашт сад дарсад таъмин хоҳад гардид.
Ёдовар мешавем, ки
с
убҳи имрӯз дар назди бинои Раёсати Вазорати умури дохилӣ оид ба мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт гирдиҳамоии ғайриқонунӣ баргузор шуд. Тақрибан 60-70 нафар занони ноҳия назди бино ҷамъ омада, аз сардори ин раёсат, полковники милиса Мирзохӯҷа Аҳмадов талаб карданд, ки силоҳи ғайриқонунӣ нигаҳдоштаашро ба ҳукуматдорон супорад.
Дар мавриди шарҳи ин қазия М.Аҳмадов таъкид сохт, ки воқеъан ҳам занони ҷамъомада
супоридани силоҳҳои ғайриқонуниро талаб карданд, вале на аслиҳаи ӯ, балки яроқи ба аҳолии минтақа тааалуқдоштаро. «Онҳо модарони мо мебошанд ва кафолати амниятро хоҳонанд, аз ин рӯ, мо онҳоро дастгирӣ менамоем», - гуфт ӯ.
Ёдрас мекунем, 2-уми феврали соли 2008 дар шаҳраки Ғарм миёни гурӯҳи таъиноти махсуси вазорати дохилӣ
ва шӯъбаи мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккили ноҳияи Рашт задухӯрди мусаллаҳона ба амал омад. Дар натиҷа чаҳор нафар захмӣ шуда, фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи ҷумҳурӣ Олег Захарченко кушта шуда буд.
Ба гуфтаи М.Аҳмадов, феълан мухолифатҳои пешин мавҷуд нестанд. «Айни замон дар минтақа намояндагони воломақоми ниҳодҳои қудратии ҷумҳурӣ ҳузур доранд, ки амнияти президентро зимни сафар ба водии Рашт таъмин хоҳанд кард ва ман низ чун корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ноҳия тамоми имконоти мавҷударо истифода бурда, кӯшиш ба харҷ хоҳам дод, ки ба сафари сарвари давлат ҳеҷ хатаре таҳдид накунад», - изҳор дошт М.Аҳмадов.
Вазорати адлия Шаҳбози Аброрро раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст
Аз Алӣ Лориҷонӣ то Саид Ҷалилӣ. Сабти номзадҳо ба мақоми раёсҷумҳури Эрон оғоз гардид
Тоҷикистону Чин маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнокро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд
“Роҳ ба сӯи Тиён-Шон”: дар Тоҷикистон рушди роҳҳои мошингард баррасӣ шуд
ВКД сабаби ҳодисаи марбут ба зани 23-соларо, ки аз ошёнаи 5-ум дар Кӯлоб афтод, шарҳ дод
Чаро Тоҷикистон дар безараргардонии фурӯзонакҳои каммасраф муваффақ нашуд?
“Воридот ва фурӯши сатру либоси сиёҳ манъ аст”. Ин ба кори фурӯшандагон чӣ гуна таъсир мерасонад?
Бар зидди писари раиси бозори Ёвон парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Ҷузъиёти кордзании хонандагон
Боришот зиёдтар мешавад: обуҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон
“Худам шоҳу табъам вазир?”. Мансабдороне, ки парвои интиқод надоранд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста