Душанбе. 15-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз зимни як нишасти матбуотӣ раиси Додгоҳи олии иқтисодии ҶТ Амирхоҷа Ғоибназаров изҳор дошт, ки сол то сол бо рушди муносиботи бозорӣ шумори қонуншиканиҳои иқтисодӣ низ рӯ ба афзоиш мениҳад.
Ба гуфтаи ӯ, дар зарфи шаш моҳи соли ҷорӣ додгоҳҳои иқтисодии ҷумҳурӣ беш аз 1,2 ҳазор парвандаи ҷиноӣ, аз ҷумла, 227-тоашро дар Додгоҳи олии иқтисодӣ баррасӣ карданд.
«Дар давраи ҳисоботӣ аризаҳои даъвогӣ ба маблағи зиёда аз 10,5 млн. сомонӣ қонеъ карда шуданд», - гуфт ӯ.
А.Ғоибназаров гуфт, соли равон додгоҳҳои иқтисодӣ ба фоидаи буҷаи давлат дар ҳаҷми зиёда аз 3,2 млн. сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнидаанд, ки аз ин миқдор 262,2 ҳазор сомонӣ ба ҳиссаи Додгоҳи олии иқтисодӣ рост меояд. «Дар ин давра иҷрочиёни додгоҳӣ ба маблағи ҳудуди 665 ҳазор сомонӣ ва 414,1 рубли русӣ 12 варақаҳои додгоҳиро ба иҷро расониданд», - афзуд А.Ғоибназаров.



“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Меҳрубон”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Дар пайи мушкили таъмини барқ, Тоҷикистон аз Ӯзбекистон барқ мехарад
Дар Суғд корхонаи ғанигардонии маъдани оҳан сохта мешавад
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзали FIFA дар қатори 50 кишвари аввал қарор дорад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 декабри соли 2025
Дар Тоҷикистон қонуни манъи истифодаи сигорҳои электронӣ омода мешавад
Муттаҳам ба қатли модар ва се фарзанди ӯ дар ноҳияи Рӯдакӣ ба зиндони абад маҳкум шуд
“Барқ доимӣ шавад”. Сокинон аз паёми имсолаи раисҷумҳур ба парлумон чӣ интизорӣ доранд?
Мақомот сабаби садамаи қатори боркаш дар Ёвонро шарҳ доданд
Алиризо Озмандиён, сухангӯи машҳури рушди шахсият ва тиҷорат бори аввал ба Тоҷикистон меояд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста