Раёсати гумруки вилояти Хатлон аз ширкати Континенталь», ки дар ноҳияи Бохтар фаъолият дорад, пардохти боҷи гумрукӣ дар ҳаҷми 1,7 млн. сомонӣ барои қонуншиканӣ дар қисми истифодаи таҷҳизоти саноатии ба кишвар воридшуда тибқи тартиби имтиёзноки гумркиро талаб дорад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори Раёсати гумруки вилояти Хатлон Файзалӣ Фозилов хабар дод, ҶСП «Континенталь» дар хориҷи кишвар таҷҳизоти бофандагӣ дастрас карда, воридсозии он ба ҷумҳурӣ таҳти қарори ҳукумат дар бораи тартиби имтиёзноки воридот қарор гирифт, яъне аз пардохти боҷи гумрукӣ озод гардид. Аммо мутобиқи ҳамин қарор, агар ширкат дар муддати 4 сол таҷҳизотро дар истеҳсолот насб насозад, ӯҳдадор аст, ки боҷи гумрукиро пардохт намояд.

Ба қавли Ф.Фозилов, ҶСП «Континентал» таҷҳизотро соли 2007 ворид сохта буд, вале то ҳанӯз ба истеҳсолот насб накардааст. «Бо назардошти ин далел, мо ба суд ҷиҳати пардохти 1 млн. 692 ҳазор сомонӣ маблағ даъво пеш овардем ва суд талаботи моро қонеъ кард», - зикр кард Фозилов ва илова намуд, ки барои иҷрои қарори суд таҷҳизотро мебояд ба музояда гузошт.

Ба гуфтаи Фозилов, соли 2011 Раёсати гумруки вилояти Хатлон ба буҷети давлатӣ 151,77 млн. сомонӣ маблағ ворид кардааст, ки нисат ба соли 2010 ба андозаи 28,7% зиёдтар аст. Соли гузашта гумрукчиёни вилоят 661 қонуншиканиҳоро ошкор сохтанд, ки аз рӯйи 655-тои онҳо протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбат ба қонуншиканиҳои боқимонда парвандаҳои ҷиноӣ боз шудааанд.