Имрӯз Бузургмеҳр Ёров, ҳимоятгари раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ аз болои ҳалномаи суди ноҳияи Синои пойтахт ба суди шаҳри Душанбе шикоят бурд. Суд қарор карда буд, ки сиёсатмадор бояд расман тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдорӣ узр пурсида, даъвои муқобили даъвои ҳимоятгари Муҳидин Кабирӣ нисбати мақомоти шаҳрдорӣ дар бораи ҷуброни зарари маънавӣ дар ҳаҷми 20 млн. сомонӣ рад карда шавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров хабар дод, нусхаи ҳалномаи суд имрӯз ба ӯ дастрас гардида, дарҳол ба зинаи болоии судӣ – суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ омода намудааст.
Дар ҳамин ҳол, коршиносони мустақил бар ин назаранд, ки мурофиаи судӣ миёни мақомоти шаҳрдории пойтахт ва Муҳиддин Кабирӣ баҳри баҳо додан ба то кадом андоза мустақил будани мақомоти судӣ имкон медиҳад.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми январ суди ноҳияи Синои пойтхт қарор кард , ки раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ бояд тавассути ВАО аз мақомоти шаҳрдории пойтахт узр бипурсад.
Ҳамчунин даҳаи дуюми моҳи январи соли равон намояндагони ҳимояи пешвои ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ изҳор дошта буданд, ки ҳудуди сад нафар сокинони пойтахтр о, ки аз буридани дарахтон дар шаҳри Душанбе изҳори норозигӣ мекунанд, ба сифати шоҳидон ба мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои мақомоти шаҳрдории пойтахт нисбати раиси ҲНИТ даъват карданианд.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста